ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. БАРРАСИИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ МУНОСИБАТҲО ДАР ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. БАРРАСИИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ МУНОСИБАТҲО ДАР ХАТЛОН

06 сентябр 2023, Чоршанбе
14
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ  ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. 
 
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба нақш ва густариши робитаҳои ду давлати дӯст мубодилаи афкор намуда, изҳори қаноатмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин сол ба сол мустаҳкамтар гардида, тули ин солҳо робитаҳо дар самти тиҷорат, сайёҳӣ, иқтисодиёт  ва содироту воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ,  сохтмон  ва  амсоли онҳо аз ҳар ду ҷониб бештар шудааст,  ки  ин  раванд идома хоҳад ёфт.  Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо шарикони рушд, амалӣ мегардад, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии вилоятро изҳор дошта, ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфт.  
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилояти аграрӣ  дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,  таъминкунандаи 70 дарсади истеҳсоли пахта дар кишвар мебошад. Дар вилояти  Хатлон  бо  дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ,  сайёҳӣ таъмин гардида,  сатҳи зиндагии мардум сол ба сол баланд мешавад ва ҳанӯз ҳам аз ҳисоби захираву имкониятҳои истифоданашуда метавон бо ҷалби  сармоя дастовардҳоро афзун намуд.  
Заминҳои минтақаи Хатлон ҳосилхез буда, дар онҳо тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҷоту сабзавот, полизиҳои аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар, парвариш меёбанд. 
Сун Хэ, мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар навбати худ, аз истиқбол ва меҳмоннавозии гарму самимии роҳбарияти вилоят изҳори миннатдорӣ карда, тазаккур дод, ки  Тоҷикистон ҳамагӣ дар зарфи се даҳ солаи охир ба натиҷаҳои баланди тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, шарики боэътимоди Чин маҳсуб мегардад.  Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти ҳар ду кишвар ва густариши муносибатҳои давлатӣ ва баланд бардоштани зиндагии мардуми Тоҷикистон, алалхусус вилояти Хатлон, такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба дигар  масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули назар карданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив