ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ОҒОЗИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

ДУШАНБЕ. ОҒОЗИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

02 октябр 2023, Душанбе
53
0

29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023, бо ширкати беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои олам, оғоз гардида, фардо идома меёбад.
Дар кори Форум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 муроҷиат ва ба кори Форум барору комёбӣ орзу карда, дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ибрози назар намуданд.


Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Алмаато
27-28-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, дар доираи тадқиқоти минтақавии «Шаҳрҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар ва камкарбони Осиёи Марказӣ», конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ширкат намуд.
Рустам Назарзода зимни суханронӣ, аз ҷумла, зикр кард: “Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳост дар рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои об ва иқлим нақши муассир дорад. Маҷмаи умумии СММ бо панҷ ибтикори Тоҷикистон як қатор қатъномаҳо ба тасвиб расонд, ки ҳадаф муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад».


Таҷлили Рӯзи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 
28-уми сентябр бахшида ба Рӯзи Мавлоно (30-юми сентябр) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар мавзуи «Мавлоно ва фарҳанги ҷаҳон» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Аттори Нишопурӣ», мудири шуъбаи матншиносии Маркази мероси хаттӣ Алӣ Муҳаммадӣ дар мавзуи «Шуҳрати ҷаҳонии «Маснавии маънавӣ» маъруза хонда, ашъори устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод шунида шуд.


«Рӯзи мактаб» дар Бадахшон
Дар мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Рӯзи мактаб» эълон гардид ва кормандони ин ниҳод аз муассисаҳои таълимӣ боздид намуда, бо муҳассилин вохӯрию суҳбатҳо гузаронданд. 
Иқдом дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ  шуда, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои ғайриқонунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ин табақаи ояндасози ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив