ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МО БА ФАЛАК МЕРАВЕМ…

МО БА ФАЛАК МЕРАВЕМ…

09 октябр 2023, Душанбе
46
0


Фалак дар қомусҳо ба маънии осмон, сипеҳр омадааст.
Барои дарку дурустии ин вожа мисолҳои бисёре ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам муосир мавҷуданд. Аз ҷумла:
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон…

(Умари Хайём)

Ва ё:
Мо ба фалак меравем, азми 
тамошо кирост?
(Мавлавӣ)
Ҳамчун жанр, албатта, маъноҳои дигар касб мекунад. Аз ин жанри қадимӣ  мо ба рӯзгори гузаштагонамон ба хубӣ ошно шуда метавонем. Дарки эҳсос, нолаву фарёд, сӯзу фироқ, ноумедӣ, зиндагии душвори пешиниён моро бештар водор месозад, ки ба маънии аслии зиндагӣ, замонҳо, маконҳо дуруст бирасем ва ба рӯзгоре, ки дорем, шукр бикунем. 
Нобаробариҳои иҷтимоӣ дар давраҳои гуногун ҳатто шуарои номиро низ водор сохтааст, ки ба фарёд биёянд. Аз ҷумла, Бобо Тоҳири Урён дар чунин мавридҳо хомӯш  ва бетараф будани худро раво намебинад:
Агар дастам расад бар чархи гардун,
Аз ӯ пурсам, ки ин чун асту он чун.
Якеро медиҳӣ сад нозу неъмат,
Якеро нони ҷав олуда дар хун.
Ва Умари Хайём низ ба фарёд омадааст:
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ,
Пероҳани хуррамии ман чок кунӣ.
Боде, ки ба ман расад, ту оташ созӣ,
Обе, ки хӯрам, дар даҳанам хок кунӣ.
Ин гуна дардҳо, сӯзишҳову нолаҳо дар рубоиҳои мардумӣ ва мусиқии фалак басо рӯшан ва таъсирноктар ба назар мерасанд. Силсилае аз  рубоиҳои халқӣ дар мавзуи ғарибӣ, ҳиҷрат ва ранҷҳову азобҳои мардуми мо дар рӯзгори пешин мебошад.
Чархо, фалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будам, маро ба Балх овардӣ.
Кӯлоб будам, оби ширин мехӯрдам,
Саргашта маро ба оби талх овардӣ.
Бешак, ин ҷо мурод аз оби талх рӯзгори талху вазнин аст. Ғарибӣ ва оворагӣ ҷуз ин дигар чӣ ҳам ба бор оварда метавонад? Ва дар ғарибӣ, бо рӯзгори талху вазнин дигар ба кӣ ҳам рӯ меориву дарди дили маҳзун мекунӣ?
Сари кӯҳи баланд буд хонаи ман,
Фалак тире задаст бар шонаи ман.
Фалак тире задаст, пайкон надорад,
Ба ҳасрат пур шудаст 
паймонаи ман.
Ифодаҳои ранҷу дарду фарёду сӯзиш на танҳо пуртаъсир, балки шоирона низ, мебошанд. Ба ҳасрат пур шудани паймона ва тире, ки пайкон надорад, магар касро ба андешидан водор намесозад? Месозад. 
Он як баёни шикасти рӯзгор, ноумедиҳо ва ба мақсад нарасиданҳо мебошад.
Фарёди ошиқи ранҷуру дур аз маъшуқаи мағрур низ асар надорад, чун намерасад. 
Ноилоҷ най мегирад ва бо сози мусиқӣ ӯро садо мекунад. Най низ дар ин маврид оҷиз меояд. Кор ба он меанҷомад, ки пас аз хаста шудани овоз ва ноумедӣ аз най ин соз мешиканад. 
Чаро мешиканад ва ин чӣ маъно дорад?
Фарёд кунам, намерасад овозам,
Ман най бихарам, туро ба най 
бинвозам.
Не овози най расад, не овозам,
Най бишканаду хаста шавад овозам.
Мисраи чорум дар ин шакл низ омадааст:
Дар хонаи душмани ту санг андозам.
Чаро най, на дигар соз? Дутор ё худ думбра танҳо созҳои барои ифодаи мусиқии фалак ва фалакхонӣ нест. Най низ воситаест, ки фалакхон ва, ё фалакнавоз сӯзи дарунии худро бе матн ифода мекунад. Ин болотар аз фалаке аст, ки ба воситаи дутору думбра иҷро мешавад ва, албатта, поёнтар аз фалаки бунгак аст,  ки дар он ҳеҷ сози мусиқӣ истифода намешавад. Дар бораи фалаки бунгак Абурайҳони Берунӣ дар асараш «Осор-ул – боқия» маълумоти ҷолибу омӯзанда медиҳад ва ин худ як гувоҳи раднопазир аз қадимӣ будани фалак мебошад.  Сӯзу дард, фарёд бе сухан, мусиқӣ (бе созҳо) мебошанд, дарунӣ ҳастанд. 
Най рамзи ҷудоӣ ва фироқ аст. Аз най чиро метавон шунид?
Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад.
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
 (Ҷалолуддини Балхӣ)
Ва ҳам:
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад…

Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!

(Ҷалолуддини Балхӣ)
Ҳофизи Шерозӣ низ таъсири навои найро хуб ба қалам овардааст.
Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайро,
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро.

Чунон дар сӯзи ман созаш асар кард,
Ки бериққат надидам ҳеҷ шайро.

Ошиқ дар он рӯзгор ба васли маъшуқа расида наметавонад. Аз ин маъшуқа ба фарёд меояд. Аслан, фарёдаш аз он аст, ки ӯро мефурӯшанд (замони ғуломдорӣ)  ва ба шаҳри  дигар мебаранд. 
Моро мебаранд шаҳри дигар 
мефурӯшанд,
Гар зар дорӣ, ҷонма харидорӣ кун.

Маргу зиндагӣ дар фалаку фалаксароӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи хосро дорад.
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Ёрони маро ягон-ягон омада бурд.
Гар қоидаи фалак ҳамин хоҳад буд,
Як рӯзи дигар навбати ман 
хоҳад буд.

Ин фалак ба фарёдкунанда ва фалакзан ё худ фалаксаро ҳеҷ эътиборе намедиҳад. Оре, на ба фарёду на ба гиряаш:
Гуфтам биравам, пеши фалак 
гиря кунам,
Аз гиряи ман фалак чӣ парво дорад.
Маълум аст, ки имрӯз рӯзгор дигар шуда ва он мушкилоти пешин вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, танҳо дарки маънои матн ва   мусиқии ҳазини  он ба фалаксаро ин имконро фароҳам оварда метавонад, ки он аз зоҳир ба ботин роҳ биёбад. Ба бахти мо имрӯз чанд фалаксарои номӣ ва огоҳ аз нозукиҳои жанр фаъоланду онро тарғиб мекунанд. Бояд ки ба хотири насли оянда мактаби онҳо мавриди омӯзишу пажӯҳиш ва таҳқиқоти бештару беҳтар қарор гирад. Фалак моро ба гузаштаи дурамон пайванд ва ошно менамояд. 
Бовар аст, ки тамоми рубоиҳои мардумӣ ва ашъори ба фалак бахшидаи шуарои мо дар ояндаи наздик ҷамъоварӣ гардида, дар атрофи онҳо пажӯҳиши васеъ сурат мегирад. 
Таҷлили Рӯзи фалак, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст ва чандин сол дар сатҳи баланду густурда қайд карда мешавад, ба ин хотир мебошад.  
Фалак аз қадимиву мутамаддин будани миллати мо шаҳодат медиҳад. 
Дар ҳақиқат, ба қавли Низомии Ганҷавӣ:
Банди фалакро кӣ тавонад кунад?
Он кӣ бар ӯ пой тавонад ниҳад. 

Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив