ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАМОЛИ МИЛЛАТ. ЗАБОН МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД АСТ

КАМОЛИ МИЛЛАТ. ЗАБОН МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД АСТ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
5
0


Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Зимни сухани табрикӣ раиси ноҳия Умед Гуреззода, аз ҷумла зикр кард, ки  ин санаи пурифтихор самараи неки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шуд ва ҳар сол 5-уми октябр дар руҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ шоиставу шоён таҷлил мегардад. 
Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси ноҳия С. Маҷидзода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ» маъруза намуда, гуфт, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ  бесобиқа ва  тасаввурнопазир аст. Махсусан, асари «Забони миллат – ҳастии миллат» ба ҳар як корманди мақомоти давлатӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад.
Забони мо сарват ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад. Гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ барои ҳар кадоми мо, соҳибони ин забон, вазифаи муқаддас аст.
Сипас, миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ табодули афкор сурат гирифт.

Саидумар МАҶИДЗОДА, мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив