ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АЗИЗИ ДИЛҲО» – АРМУҒОНИ НАВИ ШОИР

«АЗИЗИ ДИЛҲО» – АРМУҒОНИ НАВИ ШОИР

12 январ 2024, Ҷумъа
19
0
 
Дар ашъори китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар – “Азизи дилҳо” хидматҳои бемонанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки истиқлолу ваҳдат, тараққиёту ободгарӣ, сулҳу осудагӣ, гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз бе талошҳои пайваставу заҳматҳои шаборӯзиашон тасаввурношуданист, инъикос ёфтаанд.
Шеъри “Нахли меҳр”, ки аз хоксориву бузургворӣ ва бо мардум нафас кашидани Сарвари давлат қисса мекунад, хеле муассир аст. Дар ин чакома хотиррасон мешавад, ки ин марди хирад Тоҷикистонро аз сӯхтори саросарӣ наҷот дод ва ҷони дигар бахшид, ба зимистони қаҳратуни ҷанг баҳори сулҳ овард:
Ҷон ба рағми сад хазон сабзидааст,
Бо умеду ормон сабзидааст.
Пуштибон бошад замони хешро,
Ҳамчу фарзанди замон сабзидааст. 
Ҳамдаму ҳамқисмати шодиву ғам,
Дар миёни мардумон сабзидааст.
 
Китоб шеърҳои солҳои охир эҷодкардаи адибро фаро мегирад. Бавижа, шеърҳои ба Ватан-модар ва ҷанбаҳои муҳими ватандорӣ бахшидаи шоир боиси истиқболи гарманд. Гурез Сафар бо шеър – таъсирбахштарин унсури фарҳангу адаб ба хонанда хитоб дорад, ки ин сулҳу осоиш ва оромӣ саҳлу сода ба каф наёмада ва паси ин неъматҳои бебаҳо ҷонфишониҳои фарзандони Ватанро бояд тасаввур кард:
Осон набувад ба дай баҳор овардан,
Ё рӯшание бар шаби тор овардан.
Бар қалби зи ҳузн беқарори мардум
Осоишу шодиву қарор овардан.
 
Дар давоми шеър симои қаҳрамон, яъне оварандаи сулҳу осоиш равшан мешавад:
Бигзашта зи байни оташи давру замон,
Бар сардии давр нуру нор овардан.
Бояд, ки чу Пешво худодод шавӣ,
То битвонӣ бахту барор овардан.
Ӯ тавассути чакомаҳои руҳбахш кӯшидааст, ки ба душманону нотавонбинони фардои дурахшони Меҳан посухҳои дандоншикан диҳад:
Бе меҳри Ватан ба ҳар куҷо хор шавӣ,
Овораву ранҷуру дилафгор шавӣ.
Эй он, ки ба сӯи Ватанат санг занӣ,
Охир ба кафи хоки Ватан зор шавӣ.
 
Ба андешаи мо, имрӯз рисолати на танҳо шоир Гурез Сафар, балки ҳар як қаламкаш ҳамин аст, ки сиёҳро аз сафед фарқ кунад ва шеваи дурусти қазоватро тавассути маҳсули эҷоди хеш ба мардум омӯзонад.
Ёдовар бояд шуд, ки Гурез Сафар аз муаллифони фаъоли рӯзномаи “Ҷумҳурият” буда, аксари шеърҳои дар маҷмуаи “Азизи дилҳо” ҷамъомада, бахусус рубоиҳо дар саҳифаҳои ин ҷарида чоп шудаанд.
"Модарнома", "Роғуннома" ва "Наврӯзнома"-ҳои шоир низ бо самимият ва муҳаббат иншо шудаанд. Дарвоқеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин падидаҳои ҳамешаҷавони маънавият – модар, Наврӯз ва “Роғун” аз оғози фаъолияти роҳбарӣ ишқу алоқаи афзун доранд ва дар шукӯҳ бахшидани ин унсурҳои миллатсоз ба ҷон кӯшидаанд. Аз ин ишораи муаллиф низ бармеояд, ки бояд ба қадри ранҷҳои Сарвари кишвар бирасем ва идомабахши корҳои ӯ дар ҳама самтҳо бошем:
Хушбахттар аз мо ба ҷаҳон одам нест,
Шукронаи Пешво, ки дар дил ғам нест.
Ҳар кас, ки ба қадри ранҷҳояш нарасад,
«Ё одам нест ё аз ин олам нест».
 
Ба ҷуз ин, вижагии дигари китоб бо аксҳои зебо оро ёфтани он аст. Вобаста ба мавзуъву мундариҷаи ашъор тасвирҳои зебову баёдмонданӣ аз фаъолияти ҳамарӯзаи Сарвари давлат китобро диданиву хонданӣ кардаанд. Баъзе аз тасвирҳо аз Комрон Сафар, аксбардори “Ҷумҳурият” аст. Ҳам ҳарфу вожаҳо ва ҳам аксҳо ҳамдигарро комил мегардонанд. Мушовири асосии китоб Асадулло Раҳмон ва муҳаррир адиби маъруф Абдураҳмон Абдуманнон мебошанд.
Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.01.2023 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив