ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

13 июн 2024, Панҷшанбе
10
0
Чемпионати Аврупо оғоз мегардад
Аз 14-уми июн то 14-уми июл дар Ҷумҳурии Олмон Чемпионати Аврупо оид ба футбол баргузор мешавад, ки дар он 24 даста дар шаш гурӯҳ иштирок мекунад. 
10 шаҳри Олмон, аз ҷумла пойтахт – шаҳри Берлин, мизбони ин чорабинӣ хоҳанд буд. Аз гурӯҳ дудастаӣ ва чор дастаи ҷойи сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба плей-офф роҳ меёбанд. 
Чемпионат шоми 14-уми июн бо бозӣ миёни дастаҳои Олмон – Шотландия оғоз мегардад. Чемпиони феълии Аврупо мунтахаби Италия мебошад, ки соли 2021 дар финал Англияро шикаст дода буд. Мутахассисон ин навбат мунтахабҳои Испания ва Олмонро муддаиёни асосии ғолибият дар Чемпионати Аврупо медонанд.
 
 
Бозиҳои даври 10-уми Лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат доир мешаванд
15-16-уми июн бозиҳои даври 10-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мегарданд.
Дар ин давр “Хуҷанд” бо “Вахш”, “Ҳосилот” бо “Истаравшан”, “Барқчӣ” бо “Панҷшер”, “Эсхата” бо “Куктош”, “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан” ва “Истиқлол” бо КМВА вомехӯранд.
Феълан, дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 21 хол садрнишин аст. КМВА низ, ки 21 хол дорад, дар ҷойи дуюм мавқеъ гирифтааст, вале “Истиқлол” ду бозӣ камтар анҷом додааст. “Регар-ТадАЗ” бо 17 хол дар ҷойи сеюм мебошад. 
 
 
 
ШОҲМОТ
Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Алмаато оғоз гашт
Чемпионати 26-уми Осиё оид ба шоҳмот миёни ҷавонон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гардид.
Дар мусобиқа, ки миёни варзишгарони 6 синну сол дар алоҳидагӣ ва аз рӯйи се равия – классикӣ, рапид, блитс – сурат мегирад, 650 бозигар аз 34 давлати қора ширкат дорад. Аз ҷумла, Тоҷикистонро бо роҳбарии мураббӣ Алишер Каримов 12 нафар намояндагӣ мекунад. Ғолибон 20-уми июн муайян мегарданд.
 
 
 
ТЕННИС
Свёнтек бори сеюм ғолиби “Ролан Гаррос” шуд
Ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози лаҳистонӣ Ига Свёнтек барандаи мусобиқаи “Ролан Гаррос” гардид, ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд. 
Свёнтек дар финал бар ракеткаи 15-уми ҷаҳон Ясмин Паолинии итолиёӣ ғалаба кард. Ин сеюмин пирӯзии пайиҳам ва чоруми теннисбози 23-солаи лаҳистонӣ дар мусобиқаи “Ролан Гаррос” мебошад. Ҳамчунин, Ига ҷавонтарин теннисбоз (23 солу 8 рӯз) дар мусобиқаи “Ролан Гаррос” гардид, ки чор унвони чемпиониро ба даст овардааст.
Миёни мардҳо бошад, теннисбози испанӣ Карлос Алкарас ғолиб шуд. Ӯ дар финал Александр Звереви олмониро мағлуб кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив