ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРБИЯ ВА ИНТИХОБ. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ САМАРОВАР ХОҲАД БУД

ТАРБИЯ ВА ИНТИХОБ. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ САМАРОВАР ХОҲАД БУД

09 июл 2024, Сешанбе
104
0
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030-юм 30 нафар бону – намояндагони мақомоти марказӣ, аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» такмили ихтисос намуданд. 
Тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода зимни тақдими гувоҳномаҳо иброз дошт: “Сол ба сол сафи занони роҳбар дар идо
 
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030-юм 30 нафар бону – намояндагони мақомоти марказӣ, аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» такмили ихтисос намуданд. 
Тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода зимни тақдими гувоҳномаҳо иброз дошт: “Сол ба сол сафи занони роҳбар дар идоракунии давлат ва зерсохторҳои он марҳала ба марҳала меафзояд, ки ин самараи таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зан мебошад. Ин аст, ки имрӯз зан ба симати роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазир, вазир, раиси шаҳру ноҳия, ректори донишгоҳу донишкадаҳо фаъолият менамояд. Бояд гуфт, ки баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ зарур ва саривақтист, зеро аксари шунавандагон ҷавонон буда, имрӯзу ояндаи давлату Ҳукумат дар дасти онҳост. Умедворем, ки донишҳои андӯхтаро дар фаъолияти корӣ амалӣ намуда, барои пешрафти ин Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд”.  
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт: “Занон қишри фаъоли ҷомеа буда, аз тарафи давлату Ҳукумат доир ба баланд бардоштани донишҳои сиёсию ҳуқуқии онҳо, ки дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин гуна машғулиятҳо бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 то ба 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон гузаронда мешавад”.
Шунавандаи курси «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» Дилафрӯз Акрамова аз иштирок дар дарсҳо қаноатманд буда, ба ташкилкунандагони он изҳори миннатдорӣ намуд. Чуноне ӯ мегӯяд, устодони ботаҷриба ва соҳибкасб ба онҳо дарс гуфта, нозукиҳои корие, ки ҳамарӯза дар фаъолияти ҳар як корманд рух медиҳад, фаҳмонданд. Аз ин рӯ, ташкили чунин курсҳову семинарҳо ба баланд бардоштани малакаи роҳбарии бонувон мусоидат мекунад.  
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиёни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
ракунии давлат ва зерсохторҳои он марҳала ба марҳала меафзояд, ки ин самараи таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зан мебошад. Ин аст, ки имрӯз зан ба симати роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазир, вазир, раиси шаҳру ноҳия, ректори донишгоҳу донишкадаҳо фаъолият менамояд. Бояд гуфт, ки баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ зарур ва саривақтист, зеро аксари шунавандагон ҷавонон буда, имрӯзу ояндаи давлату Ҳукумат дар дасти онҳост. Умедворем, ки донишҳои андӯхтаро дар фаъолияти корӣ амалӣ намуда, барои пешрафти ин Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд”.  
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт: “Занон қишри фаъоли ҷомеа буда, аз тарафи давлату Ҳукумат доир ба баланд бардоштани донишҳои сиёсию ҳуқуқии онҳо, ки дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин гуна машғулиятҳо бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 то ба 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон гузаронда мешавад”.
Шунавандаи курси «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» Дилафрӯз Акрамова аз иштирок дар дарсҳо қаноатманд буда, ба ташкилкунандагони он изҳори миннатдорӣ намуд. Чуноне ӯ мегӯяд, устодони ботаҷриба ва соҳибкасб ба онҳо дарс гуфта, нозукиҳои корие, ки ҳамарӯза дар фаъолияти ҳар як корманд рух медиҳад, фаҳмонданд. Аз ин рӯ, ташкили чунин курсҳову семинарҳо ба баланд бардоштани малакаи роҳбарии бонувон мусоидат мекунад.  
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиёни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив