ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТ БО САФИРИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

10 июл 2024, Чоршанбе
17
0
Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
 
Ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар, муътадилии сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ ҳарф заданд, доир ба таҳкими суботи молиявӣ, афзудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани муқаррароти СБҲМ ва арзёбии сифати аудити дохилӣ, ки зимни татбиқи се марҳалаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯи лоиҳаи “Баланд бардоштани тамомияти молиявӣ ва таҳкими суботи молиявӣ ва дастрасӣ дар Тоҷикистон” ҷой доштанд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Зикр гардид, ки айни замон кор дар самти таҳияи марҳалаи чоруми кумаки техникӣ, ки ба беҳтар кардани мониторинг, таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ равона шудааст, идома дорад.
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар самти ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, беҳтар кардани сиёсати макропруденсиалӣ ва арзёбии хавфҳои низом, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзиму назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт ва татбиқ намудани бандҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 идома хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо, инчунин, оид ба рушди муносибатҳои байнибонкӣ миёни бонкҳои Тоҷикистону ИМА сухан ронда, омодагии худро барои ҳамкории судманду муколамаи ошкоро изҳор намуданд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив