ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКАРДАГОН

ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКАРДАГОН

10 июл 2024, Чоршанбе
22
0
Дар аксар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар супурдани дипломҳои аъло ба хатмкардагон дар доираи чорабинии хотирмон сурат мегирад.
Дар ин росто, аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, маросими додани дипломҳои аъло ба донишҷӯён дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Ректори муассисаи мазкур иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар фаъолияти беш аз чилсолаи худ ҳазорҳо нафар мутахассисонро омода карда, барои фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сафарбар намудааст.
– Воқеан, дониш василаест, ки барои камолоти зиндагӣ инсонро раҳнамо ва ҳидоятгар аст. Солҳои охир мафкураи насли ҷавони мо рушд намуда, имрӯзҳо дар ҷомеа ба пуррагӣ мавқеи намоёни худро пайдо кардааст. Натиҷаи асосии он аз заминаи устувори таҳсил дар зинаҳои таҳсилоти олӣ мебошад, – иброз дошт Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат.
Боиси зикр аст, ки соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳро 4 ҳазору 505 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм намуда, 53 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд, ки аз ин шумора 30 нафар дар шуъбаи рӯзона, 9 нафар магистр ва 14 нафар дар шуъбаи фосилавӣ рост меояд.
Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба хотири баланд бардоштани завқи донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва рушди касбии онҳо 11 нафар хатмкардаи Донишкада, ки барномаи таҳсилоти ихтисосҳои худро бо баҳои аъло ҷамъбаст намудаанд, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби ректор Исозода Диловаршоҳ Тариқ бо дипломҳои аъло сарфароз шуданд. 
Пас аз супурдани дипломҳои намунаи давлатӣ ба хатмкунандагон Д. Исозода дастпарварони Донишкадаро ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъда роҳнамоӣ намуда, ба онҳо дар масири амалисозии орзуву ҳадафҳои пешгирифтаашон муваффақият таманно кард.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив