ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АТЛАСУ АДРАС».  МАБЛАҒИ ШОҲҶОИЗА 5000 СОМОНӢ

«АТЛАСУ АДРАС».  МАБЛАҒИ ШОҲҶОИЗА 5000 СОМОНӢ

19 май 2023, Ҷумъа
15
0
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва густариши истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни матоъҳои миллӣ моҳи июни соли равон дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» ҷамъбаст мегардад.
Даври аввали фестивал дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, даври дуюм дар маркази вилоят баргузор хоҳанд шуд. Дар Фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомону тарроҳон ва дӯзандагони алоҳида метавонанд бо намунаҳои маҳсулоти худ иштирок намоянд.
Ба барандаи Шоҳҷоиза 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст. Инчунин, ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» мутаносибан ба маблағи 4000, 3000 ва 2500 сомонӣ қадр мешаванд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив