иҷтимоиёт
Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот мардум ҷиҳати беҳтар намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ камари ҳиммат баста, якдилона заҳмат мекашанд. Рӯз ба рӯз симои шаҳраку деҳоти ноҳия ранги тоза гирифта, дилкашу назаррабо мегардад. Ин ҳама дастовардҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба даст омадаанд, - иброз намуд Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия. Инчунин, ӯ аз комёбиҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 чунин натиҷагирӣ кард: Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
иқтисод
“Акиа Авесто Автоматив Индастри” дар ҷумҳурӣ ягона корхонаи саноатиест, ки мошинҳои мусофирбар ва боркаш истеҳсол менамояд. Бар замми ин, корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ маркази хизматрасониҳои техникӣ бунёд намояд. Ин барои кишвари мо таҷрибаи аввал аст, ки бешубҳа, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Санаи нашр: 21.01.2021 №:14 пурра >>> |
Дар толори сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилоят оид ба соҳаи иқтисод, Бахтиёр Назарзода, сардори сарраёсати молияи вилоят ва кормандони он ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар соли гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Далер Шарипов, котиби матбуотии сарраёсати молияи вилоят, иттилоъ дод. Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
иҷтимоиёт
Аброр Зоҳир аз зумраи адибоне аст, ки дар радифи намояндагони барҷастаи адабиёти даврони истиқлол қарор дорад. Ӯ дар умри кӯтоҳи хеш тавонист осори ҷолибу хонданиеро ба мерос гузорад. Осори ӯ хеле фарох ва гуногунпаҳлу буда, вижагиҳои хос дорад. Бо вуҷуди фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз 60 асарро рӯйи чоп овардааст, ки онҳо фарогири воқеаҳои гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик мебошанд. Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
Нафароне, ки бахташон омад карда, шакли сабуки COVID-19-ро аз сар гузаронданд, шояд ба гӯшаи хаёл ҳам наоранд, ки ин «муфт халос шудан» метавонад пайомади гарон дошта бошад. Зеро вирус на танҳо ба шуш, балки ба ҳама узву низоми организми одам таъсири манфӣ мегузорад. Дар ашхоси шифоёфта «синдроми ковидӣ» - маҷмӯи аломатҳое рӯ мезананд, ки метавонанд аз як моҳ то ним сол боқӣ монанд. Алъон аз панҷ аломаташ ба он хотир огаҳ месозем, ки ба тарсу ваҳм роҳ додан нашояд, зеро чун худи маризӣ гузашт, оқибаташ ҳам дер ё зуд мегузарад. Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
Кабкҳои кӯҳҳои Файзобод қақра мезананду ёди Дӯстмурод мекунанд. Андалебе, ки аз домони рустои Кабкрез ба дунё омадаву аз парандаҳои хушилҳон нағмасароӣ андӯхтааст, дар оинаи хаёл ҷилва менамояд. Садафи табиат нигоҳи моро ба худ медӯзаду ҳамнавои кӯҳҳои симинтоб садои дилбохтаи Дӯстмурод рӯшан мегардад.
- Дӯстмурод оҳангҳои ҷаззобу дилнишинашро дар ҳамин диёр, дар ҳамин кӯҳу дара эҷод мекард,- мегӯянд дӯстонаш. - Ба кӯҳ чун ба ёр дилбастагӣ дошту бо шилдироси чашмаи Маҳҷон, ки дар наздикии деҳаи Кабкрез воқеъ аст, ором мегирифт. Дар лаби дарё бо ҳавас менишаст, ки гӯё ба тахти мармари дунё нишаста бошад. Суруд бар лаб сӯи кӯҳи Дандоншикан ба шикор мерафт. Ба гуфти худаш бо сурудҳояш кабкҳоро маст мекарду ба дом мехонд. Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
маориф
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ин озмун ду сол боз, хушбахтона, аз пир то ҷавони кишварро ба мутолиа ҷалб менамояд. Дигарбора ба таври оммавӣ рӯ ба китоб овардан падидаест, ки солҳои охир мо онро орзу мекардем. То таъсиси ин озмун, дар китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба ҷуз ду-се донишҷӯ, ки барои иҷрои супоришҳои устодон меомаданд, дигар касеро намедидӣ. Дар бораи китобкадаҳои деҳот ҳоҷати сухан гуфтан нест. Санаи нашр: 15.01.2021 №:10 пурра >>> |
ҳуқуқ
Суди шаҳри Хуҷанд бо баррасии парвандаи гражданӣ Ҳайит Комилзодаро, ки аз сӯи сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз вазифа озод гардида буд, ба мақомаш барқарор кард. Ӯ қаблан дар вазифаи муовини сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост» - и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт. Санаи нашр: 21.01.2021 №:14 пурра >>> |
илм
> НАХУСТВОЖАҲОИ ТОҶИКӢ КАДОМҲОЯНД?
фарҳанг
Дар синфи 7-ум мехондам. Бобоям ҳар рӯз баъди кор бо дастаи рӯзномаҳо ба хона меомад. Ман ҳам кунҷковона рӯзномаҳоро ба даст гирифта мехондам. Диққатамро, бештар аз ҳама, саҳифаи «Шоми шанбе» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба худ ҷалб мекард. Зеро дар он бисёр маълумоти аҷибу шавқовар ҷой дода мешаванд. Ҳангоми мутолиаи матолиби саҳифаи мазкур рубрикаи «Интеллект» маро ба худ ҷалб намуд. Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Санаи нашр: 22.01.2021 №:15 пурра >>> |
туризм
Вақтҳои охир сайёҳии фарҳангӣ рушди бештареро касб карда, зуҳуроти оммавии иҷтимоӣ-иқтисодии миқёси ҷаҳонӣ гардид. Ба рушди босуръати он густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии давлатҳо мусоидат намуд. Ҳатто дар давраи барои тамоми инсоният ҳассос – пандемияи коронавирус сайёҳии фарҳангӣ маъруфияти худро аз даст надода, баръакс ивазнашаванда будани худро исбот сохт. Санаи нашр: 19.01.2021 №:12 пурра >>> |
номаҳо
> ҲАЙВОНҲО ЗАБОН НАДОРАНД, АММО ҶОН ДОРАНД...
ЧАНД ГУФТА АЗ ДИДАҲО
озмунҳо |
|