logo

энергетика

"Помир Энерҷӣ": дирӯз, имрӯз ва фардо

Солҳои 90-уми асри гузашта ва ибтидои асри 21 вазъи таъминот бо қувваи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чун дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ду дастгоҳи аввали Неругоҳи барқи обии "Помир-1"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода бошад ҳам, он танҳо маркази вилоят - шаҳри Хоруғро то андозае бо қувваи барқ таъмин мекарду халос. Барои раҳоӣ аз вазъи баамаломада соли 2002 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Помир Энерҷӣ" шартнома ба муддати 25 сол ба имзо расид. Дар арафаи 10-умин солгарди  имзои ин ҳуҷҷати муҳим бо сарвари ширкати мазкур  Далер ҶУМЪАЕВ  ҳамсуҳбат гардидем.
- Соҳаи барқ дар вилоят ҳанӯз аз даврони шӯравӣ зараровар ба  ҳисоб мерафт ва ҳамасола барои пешрафти он маблағҳои калон аз буҷети давлат ҷудо мегардиданд. Мехостем аввал оид ба вазъи молиявии ширкат маълумот медодед.
- Ширкат аз оғози кор мавриди дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор гирифта, ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Соҳа фоидаовар набошад ҳам, ба ғайр аз хароҷоти худӣ ширкат ҳар сол барои таъмиру навсозии воситаҳои асосӣ то як миллион доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Бо ин маблағҳо солҳои охир корҳои хеле муҳим ба иҷро расонда шуданд. Таъсиси  Маркази хизматрасонии муштариён дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон, ҷорӣ намудани системаҳои ҷадиди ҳисобкунии неруи барқ ва биллингӣ, роҳандозии барномаи насби ҳисобкунакҳои электронӣ, ба кор андохтани сехҳои замонавии электромеханикию таъмири трансформаторҳо, бо таҷҳизоти муосири баландсифат муҷаҳҳаз гардондани зеристгоҳҳои асосии "Бизмич" ва "Ҷомӣ"-и шаҳри Хоруғ ва инчунин зеристгоҳҳои баландшиддати самти Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Рӯшон, бунёди ду иншооти зидди яху сел дар дарёи Ғунд, дастрас намудани дастгоҳи махсус барои аз такшинҳо тоза кардани ҳавзи танзими шабонарӯзии  НБО-и    "Помир-1", васлсозии таҷҳизоти рақамии дифоӣ дар ду зеристгоҳи баландшиддати самти Хоруғ-Рӯшон ва зеристгоҳи НБО-и "Хоруғ", оғози интиқоли изофаи барқ ба деҳоти ҳаммарзи Афғонистон аз ҷумлаи корҳои дар чанд соли охир ба сомонрасондаи ширкат мебошад.
- Амнияти таъминоти аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ, ки самти асосии фаъолияти "Помир Энерҷӣ" аст, дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати иҷрои корҳои таъмирӣ, баланд бардоштани сифати фаъолияти  НБО-ҳо, роҳандозии  лоиҳаҳои гуногун равона шудани маблағҳои муайян, тавлиди неруи барқ дар ширкат 30% афзоиш ёфт, талафоти қувваи  барқ дар шабакаи асосӣ то ба 17% кам ва ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодашуда ба 100% расонда шуд. Албатта, ин ба нишондиҳандаи асосӣ - таъминоти муштариён бо қувваи барқ таъсири мусбат расонд. Аз соли 2010 сар карда, муштариёни шабакаи асосӣ, яъне 72%-и муштариёни ширкат ва дар соли 2011 -  74% дар давоми 24 соат, муштариёни ҳудуди таъминотии НБО-ҳои хурд 18-20 соат дар як шабонарӯз бо қувваи барқ таъминанд.
Бо баҳрабардорӣ аз дастгоҳи дуюми НБО-и "Помир-1" вазъи дастрасии барқ ба муштариён дар шабакаи асосӣ беҳтар гардид.
- Ширкати "Помир Энер-ҷӣ" дар вилоят  ягона ташкилотест, ки аз маблағгузории донорҳои хориҷӣ васеъ истифода мебарад. Бисёр коршиносон пешравиҳои шуморо ба ҷалби сармояи хориҷӣ марбут медонанд. Ба ин фикр розӣ шуда метавонед?
- Ба ҳар ҳол, новобаста аз мушкилот, мо тавонистем дар соли 2011 назар ба солҳои пеш ҷалби маблағгузории соҳибкорони хориҷиро барои пешрафти минбаъдаи соҳаи энергетика дар вилоят бештар намоем ва барои соли дарпешистода заминаи зарурӣ муҳайё созем.
Чунончи, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби яке аз бонкҳои бонуфузи Олмон  барои сохтмони НБО-и хурд дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб маблағ ҷудо шуд ва дар пешорӯи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба пойдевори он хишти нахустин гузоштанд.
Бо ташаббус ва дастгирии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ  барои сохтмони НБО-и хурд дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз ҷониби Ҳукумати Корея маблағи зарурӣ ҷудо ва аллакай тамоми корҳои омодагӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар назар аст, ки НБО-и номбурда то охири соли равон мавриди истифода қарор гирад.
Инчунин  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ масъалаи ҷудо намудани маблағ барои татбиқи барномаи насби ҳисобкунакҳои барқӣ то охири соли 2012 ва идома додани субсидия дар солҳои 2012-2014 бо Ҳукумати Швейтсария мавриди баррасӣ қарор дорад ва умед аст, ки роҳандозии ин барномаҳо низ рӯзҳои наздик оғоз меёбанд.
Имсол нахустин маротиба дар таърихи барқи Бадахшон бо маблағгузории Ҳукумати Норвегия ба сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи 110 кВ оғоз намудем. Дар робита ба ин, таҷдиди зеристгоҳҳои "Андароб" ва "Ишкошим" дар назар аст, ки онҳо барои таъминоти аҳолии ин мавзеъ бо неруи  барқ нақши муҳим мебозанд. Ҳоло  сохтмони ХИБ-35кВ "Ишкошим - Султон Ишкошим" ва ХИБ-20кВ, 0.4кВ дар тарафи Султон Ишкошим оғоз ёфт. Мувофиқи шартнома сохтмони хати интиқоли барқ моҳи ноябри соли 2012 анҷом пазируфта, зиёда аз 600 муштарӣ ба қувваи барқ дастрасӣ пайдо хоҳад кард.
Дар назар аст, ки бо татбиқи  лоиҳаҳои номбурда боз беш аз 1600 хоҷагӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба шабакаҳои барқии "Помир Энерҷӣ" пайваст гашта, соҳиби барқ хоҳанд шуд.
"Помир Энерҷӣ" дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки тибқи шартномаи консессионӣ дар соҳаи энергетика амал карда, намунаи нодири ҳамкории давлат ва бахши хусусиро таҷассум месозад. Ин имкон медиҳад, ки дар баробари истифодаи самараноки дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат барои рушди минбаъдаи энергетикаи вилоят ҷалби сармояи хориҷиро ривоҷ диҳад. Мисоли равшани ин гуфта он аст, ки то кунун ба воситаҳои асосии давлатии ба "Помир Энерҷӣ" ба консессия додашуда қариб 37 миллион доллари ИМА  маблағгузорӣ шудааст. Ширкат нақша дорад дар солҳои 2012-2027 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба ин мақсад боз 20 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ  намуда, ҳаҷми умумии сармоягузориро то анҷоми лоиҳа ба 57 миллион доллари ИМА расонад.

Раҳмони ГУЛЗОР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.12    №: 109    Мутолиа карданд: 2481
17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед