logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати панҷуми моддаи 2, қисми 2 моддаи 22, қисми 7 моддаи 29, ҷумлаи дуюми қисми 3 моддаи 54 ва ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 63 калимаи "мақомоти" ба калимаи "мақоми" иваз карда шавад.
2. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;".
3. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаи "ҳисоб" ба калимаҳои "бевосита пардохт" иваз карда шавад.
4. Моддаи 51 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 51. Назорати андоз
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ масъалаҳои ҳисоби дуруст ва бевосита ба буҷети дахлдор пардохт намудани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро аз ҷониби мақомоти ваколатдор назорат менамояд.
2. Маъмурикунонии дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар асоси Қонуни мазкур ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шаклҳои ҳисоботи мақомоти ваколатдор ва мӯҳлатҳои пешниҳоди онҳо доир ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.".
5. Дар қисми 4 моддаи 46, қисми 3 моддаи 51, ҷумлаи дуюми қисми 3 ва  қисми 4 моддаи 55, қисми 2 моддаи 60 калимаҳои "мақомоти андози" ба калимаҳои "мақоми андози",  калимаҳои "мақомоти давлатии ваколатдор" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои   "мақоми ваколатдори давлатӣ"   иваз карда шаванд.
6. Боби 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 21. ПАРДОХТ БАРОИ РЕКЛАМАҲОИ БЕРУНӢ
Моддаи 79. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои рекламаҳои берунӣ
1. Пардохт барои рекламаҳои берунӣ (минбаъд-пардохт) барои ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилооти рекламавӣ бо истифодаи объектҳои рекламаҳои берунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
2. Мақомоти ваколатдор дар маҳалҳо оид ба рекламаҳои берунӣ ӯҳдадоранд ҳар се моҳ на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 80. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - паҳнкунандаи рекламаҳои берунӣ мебошанд, ки бо истифодаи объектҳои рекламаҳои берунӣ  иттилооти рекламавиро ҷойгир ва паҳн мекунанд.
Моддаи 81. Меъёрҳои пардохт
1. Меъёрҳои пардохт аз рӯи масоҳати объекти рекламаҳои берунӣ аз ҷониби мақомоти зерин муқаррар карда мешаванд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои объектҳои рекламаҳои беруние, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд;
- маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо - барои объектҳои рекламаҳои беруние, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ ва (ё) дар мавзеъҳои алоҳидаи маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд.
2. Дар меъёрҳои пардохт барои мониторҳо ва дигар воситаҳои техникии сатри равондошта, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳалли ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд, илова ба масоҳат, инчунин вақте ки барои паҳн намудани сатри равон ва нишон додани наворҳои рекламавӣ сарф мешавад, ба инобат гирифта мешаванд.
Моддаи 811. Имтиёзҳо
Аз пардохт барои объектҳои рекламаҳои берунӣ озоданд:
- мақомоти давлатӣ барои объектҳои рекламаи беруние, ки бинобар иҷро намудани вазифаҳои худ онҳоро ҷойгир менамоянд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки рекламаҳои берунии хусусиятҳои иҷтимоию сиёсидошта, инчунин навиштаҷотҳои дӯконҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо ва ҷойҳои дигарро, ки барои муаррифии ҷойи муайяншуда бо андозаи на зиёдтар аз 1 метри мураббаъ ҷойгир менамоянд.
Моддаи 82. Тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда
1. Маблағи пардохт дар асоси меъёрҳои пардохт, масоҳати объекти рекламаҳои берунӣ, вақти паҳнкунии иттилооти рекламавӣ бо истифодаи сатри равон ва (ё) нишон додани наворҳои рекламавӣ ва мӯҳлати воқеии ҷойгиршавии иттилооти рекламавӣ, ки дар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шудааст, вале на камтар аз маблағи пардохт барои як моҳи тақвимӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми гирифтани иҷозат супорандагони пардохт ба мақомоти ваколатдори маҳаллӣ ҳуҷҷатеро, ки супоридани маблағи пардохтро барои моҳи якуми ҷойгир намудани иттилооти рекламавӣ тасдиқ менамояд, пешниҳод мекунанд.
3. Маблағи пардохтшавандае, ки барои як моҳи тақвимӣ супорида мешавад, бояд на дертар аз санаи 10-уми моҳи оянда супорида шавад.
4. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад.".
7. Боби 211 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 211. ПАРДОХТҲО БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 821. Пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
Пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 948


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 январи соли 2013, № 1067

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 феврали соли 2013, № 472


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 2183
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед