logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"

Моддаи 1. Дар банди 16) қисми якуми моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12,  мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156; №6, мод. 438; №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251; №7, мод. 692; №8, мод. 821; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз    28 декабри соли 2012, №930) аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шуда, ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Пас аз ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё мӯҳлати амалашон баохиррасида, ба мақомоти андози маҳалли истиқомати шаҳрванд то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба таври хаттӣ хабар диҳад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

    Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 940

 

Қарори  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 январи соли 2013,  № 1056

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро баррасӣ   намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.
 
  Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 465


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 2141
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед