logo

энергетика

Иқтидори неругоҳҳоро бояд афзоиш дод

Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои гуногун бо ширкати бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат даҳҳо неругоҳи хурди барқӣ  мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки  имрӯз дар таъмини неруи барқ мусоидат менамоянд. Умуман дар солҳои минбаъда  бунёди боз 70 неругоҳи хурд дар назар аст.
Сокини Ҷамоати деҳоти  Чорбоғи ноҳияи Истаравшан, нафақахӯр Ҳоҷӣ Озодқул Мамадқулов аз ҷумлаи он нафароне мебошад, ки мехоҳад бо истифода аз таҷрибаи техникӣ дар ҳалли масъалаи қувваи барқ ҳиссаи худро гузорад.
Вай мегӯяд, ки агар нерумандии неругоҳҳои барқи обиро афзун бахшем, норасоии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз байн меравад. Бо кадом роҳ? Агар оби аз чархҳои генератори неругоҳ поин шударо аз нав бо сохтани новаҳои (водокамераҳои) махсуси пуриқтидор боло кашида, баъд бо фишори шиддатнокиаш баланд берун резем, мутобиқи қонуни Нютон неруи баланди барқӣ тавлид мешавад. Масалан, аз баландии 80 ва ё 100 метр 100 м3 об бо шиддати даҳчанд поин рехта, аз сӯрохии хеле хурди ҳар новаи 50 -тоннагӣ (водокамера), ки дар 1,5 - 2 километр поинтар аз сарбанди НБО сохта мешавад, бо суръати кайҳонӣ берун мешавад ва табиист, ки чунин шиддати хориҷ шудани об ба тавлиди дучанд ва даҳчанди неруи барқ мусоидат менамояд.
Нова (водокамера) аз лиҳози сохт сода аст, ҳамчунин метавон бо сементи аълосифат ба девори сарбанд баробар сохт. Масалан, баландиашро шартан 50 метр ва барашро 10х15 муайян кардем. Хати аз В то Г болои сарбанд буда, вазифаи обдароро иҷро мекунад, хати аз А то Б бошад, аз хати якум 3-4 метр баланд буда, ҳамаи оби дохилшударо бе  талафот вориди новаҳои камера менамояд, сипас аз тарафи поёнии камера Д - ҷои оббаро аст, чархҳои генератор насб карда мешаванд. Шумораи камераҳо (новаҳо) ба миқдори агрегатҳо баробар бояд бошад. Миқдори оби як камера 50х15х10=7500 м3, яъне 7500 тонна бори камера аз сӯрохии поён бо шиддати хеле баланд берун мешавад. Яъне ҷисмеро, агар аз баландии 10 метр ба поин ҳаво диҳем, 9,8 маротиба нисбат ба вазни худаш бештар ба замин меафтад. Ана ҳамин аст моҳияти аслии ин пешниҳод.
- Имрӯз агар НБО-и "Дӯстии халқҳо" - и Қайроққум соле то 380 миллион киловатт қувваи барқ истеҳсол кунад, бо татбиқи воқеии ихтирои банда ин рақам то ба 5-8 миллиард киловатт расиданаш мумкин аст, - иброз медорад О. Мамадқулов. - Бинобар набудани коргоҳи лабораторӣ ман ихтирои худро дар мисоли як камераи чархи мошин санҷидам. Баъдан  ин амалро бо ҳисоби арифметикӣ рӯйи коғаз оварда, ба ширкати "Барқи тоҷик" ирсол доштам. Маро даъват карданд ва баъди шунидани шарҳи пешниҳод дастур доданд, ки дар навбати аввал бояд хулосаи  техникиашро дар заминаи формулаҳои математикӣ  асоснок намоям. Танҳо баъд аз он метавон онро дар Шӯрои техникии ШСХК "Барқи тоҷик" баррасӣ кард. Тавсия шуд, ки ҷиҳати зудтар ва амиқ  асоснок кардани пешниҳод аз манфиат холӣ намебуд агар ягон олими соҳаи техника ва ё илмҳои дақиқро ба ҳамкорӣ даъват намоям. Имкони  дастгирии молиявии олимро надоштам, аз ин рӯ, ин пешниҳод муаллақ монд.
Афзалияти пешниҳод дар он асос аст, ки неругоҳ дар муҳлати кӯтоҳ ва бо маблағи кам сохта мешавад. Баъдан обанбор зарур нест. Агар аз санҷиши воқеӣ гузараду татбиқи худро ёбад, норасоии барқ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон аз миён бардошта мешавад.

Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.13    №: 156    Мутолиа карданд: 1623
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед