logo

энергетика

Суғд. 100 НБО-и хурду миёна бунёд мешавад

Мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар арзёбӣ мекунем.

Аз Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013

Ба бунёди Неругоҳи барқи обии "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Қайроққум  57 сол пур шуда бошад ҳам, ҳамоно фаъол аст ва дар рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқ, таъмини сокинони вилоят бо неруи барқи арзону аз лиҳози экологӣ тоза нақши муҳим мебозад.
Неругоҳи мазкур дар ин муддат 34 миллиард киловатт қувваи барқ истеҳсол кардааст. Маҳз ба шарофати он шаҳри саноатии Қайроққум, ҶСК "Қолинҳои Қайроққум", Корхонаи маҳсулоти сохтмонӣ рушд намуданд.
- Неругоҳи Қайроққум аз ҷиҳати сохти технологӣ дар ҷаҳон нодир буда, агрегатҳо зери  замин насб шудаанд, - мегӯяд Файзуллоҷон Авезов, директори неругоҳ.
Мутахассисони лоиҳасози соҳаи энергетикаи Австрия аз ин неругоҳ дидан карда, аз кори бомарому бенуқсонаш ба ваҷд омаданд ва ба фаъолияти мутахассисони бумӣ баҳои баланд доданд. Имрӯз ҳамаи шаш агрегат бо иқтидори 115 ҳазор кВт қувваи барқ тавлид мекунанд.
Дар ин ҷо шурӯъ аз соли 2014 маҷмӯи корҳои таҷдиди неругоҳ мутобиқи  лоиҳаҳои Бонки рушди Осиё ва Бонки рушди Аврупо оғоз гашта, барои навбати аввали он 167 миллион евро ҷудо шудааст. Бино ба иттилои Файзуллоҷон Авезов навсозӣ то ҳафт сол идома ёфта, кулли таҷҳизот сад дар сад иваз шуда, нерумандии он аз 126 то 179 мегаватт афзоиш меёбад.
Дар фасли тирамоҳу зимистон вилояти Суғд дар як шабонарӯз ба 10-12 миллион киловатт - соат неруи барқ ниёз дорад, ки 30 дарсади онро НБО-и Қайроққум, миқдори хеле камро Қирғизистон ва наздики 70 дарсадро тавассути хати баландшиддати "Ҷануб- Шимол" НБО-и Норак таъмин менамояд. Бо дарназардошти дурнамои афзоиши аҳолии вилоят, бунёди иншооти гуногуни истеҳсоливу маишӣ, фароғатию варзишӣ  ва талабот ба неруи барқ бо дастур ва супориши Сарвари давлат таҳияи чандин барномаву лоиҳаҳо идома дорад. Яке аз роҳҳои беҳтар ва муътадили таъмини истеҳсолот ва аҳолӣ бо неруи барқ, ин мутобиқи барномаҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат бунёди НБО-ҳои хурду миёна мебошад. Бино ба иттилои Набиҷон Ҷабборов, сармутахассиси идораи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, феълан дар қаламрави шимоли мамлакат дар баробари фаъолияти доимии НБО-и "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Қайроққум боз дар ноҳияҳои  Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов  89 неругоҳи хурду миёна сохта шуданд, ки 8,6 ҳазор кВт қувваи барқ истеҳсол менамоянд. Дар назар аст, ки солҳои 2015-2020 бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо дар вилоят зиёда аз 20 неругоҳи хурду миёна сохта ба истифода дода шуда, бо ҷалби ширкатҳои хориҷӣ дар дарёи Зарафшон неругоҳи пуриқтидоре бунёд ёбад.

Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.13    №: 165    Мутолиа карданд: 6051
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед