logo

энергетика

Энергетика ба рушди кишвар такон мебахшад

Моҳи декабри соли 1936 дар ҷумҳурӣ нахустин неругоҳи барқи обии хурди Варзоб-1, ки 7,3 ҳазор киловатт иқтидор дошт, ба истифода дода шуд. Аз он сохтори   энергетикии Тоҷикистон ибтидо гирифта, бо қадамҳои устувор  рушд кардааст.
Расидан ба амнияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар доираи амалисозии ин иқдоми бузург тадбирҳои зиёде андешида, аз ҷумла сармояи дохилию хориҷӣ истифода гаштааст. Чунончи, баъди ба истиқлолияти сиёсӣ расидани ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, маҳз дар Тоҷикистон пуриқтидортарин лоиҳаи энергетикӣ - Неругоҳи барқи обии Сангтӯда - 1 (бо ёрии Русия) сохта ба истифода дода шуд. Иқтидори он 670 ҳазор киловатт буда, соле то 1 миллиард киловатт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Бо дастгирии молиявӣ ва техникии Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёди НБО-и Сангтӯда -2 (иқтидораш 220 ҳазор киловатт) ба анҷом расид, ки ин ду неругоҳ баъди аз шабакаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо гаштани Тоҷикистон шиддати камбуди барқ дар кишварро хеле коҳиш доданд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ иқтидорҳои навро ба кор андохта, неругоҳҳои амалкунандаро таҷдид ва бекористодаро барқарор кардан лозим аст.
Барои  бунёди неругоҳҳои хурд  як қатор кишварҳо кумаки молӣ пешниҳод кардаанд. Чунончи, Бонки рушди исломӣ барои сохтмони 5 неругоҳи хурд 9,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" бошад, барои бунёди 3 неругоҳи хурд 2,4 миллион доллари амрикоӣ сарф карданист. Бо ин гуна  маблағҳо бунёди неругоҳҳои "Тутак"-и ноҳияи Рашт, "Кӯҳистони Мастчоҳ", "Мастчоҳи кӯҳӣ"-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, "Гултеппа"-и ноҳияи  Файзобод, "Ҳорма"-и ноҳияи Балҷувон ва "Питовкӯл"-и ноҳияи Ҷиргатол дар назар аст.
Дар солҳои охир собиқ Вазорати энергетика ва саноати кишвар корҳои муайянеро ба сомон расондааст. Бо грантҳои Агентии рушд ва савдои ИМА, Хазинаи рушди Ҳукумати Ҷопон, Бонки осиёии рушд ва Ҳукумати Олмон лоиҳаҳои асосноксозии техникӣ-иқтисодии азнавбарқарорсозии НБО-и Қайроққум, силсилаи НБО-ҳои дарёҳои Варзобу Вахш, зеристгоҳҳои 220-500 кВт -и НБО -и Норак  роҳандозӣ мешаванд.  Алҳол дар назди сохтори энергетикии кишвар баробари сохтмони неругоҳҳои хурду бузург, ҳамчунин ҳалли масоили коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва газ истодааст. Танзими  баҳисобгирии қувваи барқ ва газ, барқарор ва таҷдиди сохтори баҳисобгирӣ, баланд бардоштани сатҳи коршоямии таҷҳизоти шабакаҳо ва иншоотҳои барқу газ яке аз роҳҳои расидан ба ҳадаф мебошад.
Дар ҷумҳурӣ инчунин барои  истихроҷи нафт, газ ва ангишт тадбирҳо андешида мешаванд. Чунки вазъи душвори солҳои баъди истиқлолият ба соҳаҳои марбутаи кишвар таъсири манфӣ расонд. Истихроҷи газ нисбат ба охири солҳои 80-уми асри гузашта 10-12 маротиба коҳиш ёфт. Алҳол бо ибтикори  Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкатҳои "Газпром"-и Русия, "Кӯлоб Петролеум Лимитед" ва "Сомон Ойл" ба корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ сару кор доранд.
Манбаи дигари бузурги энергетикии кишвар 40 кони ангишт мебошад, ки аз онҳо 14-тоаш мавриди истифода қарор дорад.
Сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона карда шудааст, ки дар ояндаи наздик ба худкифоии қувваи барқ расида, ҳамчунин ба бозори ҷаҳонӣ неруи барқи зиёдатиро бароварда, ба иқтисодиёти кишвар асъори хориҷӣ ворид намоянд.

Искандар ШАРИФОВ,
донишҷӯи  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик М. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.13    №: 165    Мутолиа карданд: 8268
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед