logo

номаҳо

Баъд аз муроҷиати Президент

Мусаллам аст, ки соҳаи маънавиётро бе нашри китобу таъсиси китобхонаҳои муҷаҳҳаз ва омода намудани шаклҳои электронии китобҳои гуногун ба сатҳи лозима бардоштан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, хусусан дар таъмини мактаббачагони макотиби таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ, корҳои шоистаеро анҷом додааст.
Аммо имрӯз, китобхонаҳои мавҷуда, бахусус китобхонаи мактабҳо ва деҳот ба талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯ нестанд. Аз як тараф, дар натиҷаи гирудорҳои шаҳрвандӣ китобҳои мавҷуда талаф ёфтаанд ва аз тарафи дигар, аз лиҳози мазмуну мундариҷа кӯҳна гаштаанд. Ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат басо нозукбинона ва бамаврид таъкид намуданд.
Кормандони Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи ҶТ бо назардошти вазъияти ноҳинҷори китобхонаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва маҳалҳо, тасмим гирифтанд қисме аз китобҳои китобхонаи шахсии худро ба мактабҳое, ки ҳамкорӣ доранд, бубаранд ва ҳоло ин корро анҷом медиҳанд. Аз ҳамаи шаҳрвандон, хусусан зиёиёни кишвар, низ даъват ба амал меорем, ки ба мо ҳамроҳ шаванд. Муроҷиати Президенти мамлакатро чун дастур ба ҳар фарди огоҳи ҷомеа қабул намуда, дар ин кори хайр саҳм гиранд. Тӯҳфа кардани китобҳои хондаю дар рафҳо хобида, ҳадяи китобҳои ба истилоҳ зиёдатӣ ва корҳои дигар дар ғанӣ гардонидани захираи китобхонаҳо, албатта, мусоидат менамояд. Ҳар нафаре, ки дар чунин маъракаи муҳим ва ҳатто сиёсӣ саҳм мегирад, яқинан дар боло рафтани донишу маърифати аҳли ҷомеа хидматеро адокарда маҳсуб мегардад.

Раёсати Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1612
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед