logo

президент

СТРАТЕГИЯИ ИДОРАКУНИИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ТАСДИҚ ШУД

28 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумат баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Ба вазифаҳо таъйин шуданд:
Бунафша Одинаева - муовини вазири фарҳанг;
Зулфия Одинаева - муовини вазири нақлиёт;
Абдулҳаким Холов - директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Раҳимҷон Саидов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
Раҳматулло Таваров - сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳодур Холназаров - сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Ғафур Хоҷамуродов - сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Холмаҳмад Назаров - Сардори хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 тасдиқ шуд. Тавре зикр гардид, тибқи ин санад, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии беруна нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохила дар сатҳи 40%, унсури грантии қарзҳо на кам аз 35%, давраи имтиёзӣ на кам аз 5 сол ва фоизи онҳо на зиёда аз меъёрҳои тиҷоратӣ муайян гардидаанд.
Ҳамчунин Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус, тартиби амалӣ намудани назорати давлатии риояи  қонунгузории шаҳрсозӣ ва Нақшаи чорабиниҳо  ва  сметаи хароҷоти таҷлили 700 - солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасдиқ карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкдории исломӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” низ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ва ба қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гаштанд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 50 га замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлӣ ба муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ишкошим ва ба ниёзмандони маҳаллӣ ҷудо шуд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 166 га замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида ва 17 га замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои додани қитъаҳои наздиҳавлӣ ба муҳоҷирони дохилӣ ҷудо гардиданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба вусъат бахшидани киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу жола ва обхезӣ ва бартарафсозии оқибатҳои эҳтимолии онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Доир ба иҷрои нақшаи даромадҳо ба Буҷети давлатӣ низ супориш дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.2014    №: 59    Мутолиа карданд: 21199
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед