logo

туризм

ВАРЗОБ

Ноҳияи Варзоб дар қисмати шимолу ғарбии Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии 1269 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, саросар кӯҳсор аст. Иқлимаш муътадил, масоҳати умумиаш 1656 километри мураббаъ, аҳолиаш 65 ҳазор нафар. Дар шафати шаҳри Душанбе воқеъ буда, ба мавзеи тафреҳии сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Варзоб яке аз ноҳияҳои тобеи марказ ба шумор рафта, барои истироҳату фароғат хеле мусоид аст. Аз ин рӯ, ноҳияи Варзоб аз соли 1999 ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ ва туризм эълон гардидааст, ки ин ҷиҳаташ сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд.
Олами набототи Варзоб гуногун буда, зиёда аз 145 намуд рустании мевадиҳанда, ороишӣ, шифобахш ва асаловар дорад. Барои соҳаи тиб ва доруворӣ хазинаи нотакрор аст.
Дар қисмати ғарбии ноҳия, воқеъ дар минтақаи Сафедорак, мавзеи лижаронӣ сохта шудааст, ки дар он ҳамасола мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир мегарданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол ба ин минтақа зиёда аз 7 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ меоянд. Бошандагони деҳа ин минтақаро Сафеддара мегӯянд, аммо ин ҷо бештар бо номи Сафедорак маъмул аст. Аз моҳи ноябр то апрел барф меборад ва ҳатто тобистон дар ин ҷо барфро дидан мумкин аст.
Сафедорак ҳамагӣ дар фосилаи чил километр дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст. Солҳои зиёдест дар ин ҷо лижаронҳо фаъолият доранд. Дар машқгоҳи аслии лижаронӣ, ки мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистона ҳам он ҷо ҷойгир аст, кӯдакону наврасони аз 5 то 16-сола ба тамрин машғуланд.
Лижаронӣ яке аз маъмултарин бозиҳои варзишии олимпӣ маҳсуб меёбад. Рушди ин намуди варзиш илова бар хоҳиши инсон ба макон низ вобастагии зиёд дорад. Бисёр дӯстдорони лижаронӣ аз манотиқи дурру наздики ҷаҳон дар ин мавзеъ машқ карда, дар мусобиқоти байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.
Сафедорак ҳамчун минтақаи сайёҳии зимистона шинохта шуда, ба ин ҷо шахсони зиёд ҳам аз дохили мамлакат ва ҳам аз хориҷи кишвар меоянд. Барояшон ин минтақа писанд ва барои лижаронӣ мувофиқ аст. Албатта, дар сурати боз ҳам шароити хубтар муҳайё кардан дар базаи лижаронии Сафедорак теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ бештар мегардад. Ва ин метавонад ба буҷети мамлакат фоидаи зиёде ворид намояд. Вале на танҳо дар хориҷ, балки дар дохили кишвар ҳам бисёр касон хабар надоранд, ки Тоҷикистони чун кишвари офтобрӯя ва гарм шинохта шуда, дорои чунин мавзеи олӣ барои лижаронист. Тарғиби бештар метавонад Варзобро ба беҳтарин мавзеи истироҳативу сайёҳии Осиёи Марказӣ табдил диҳад.
Ҷумъа ҚУДДУС


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2014    №: 60    Мутолиа карданд: 4130
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед