logo

маориф

РАШТ. МАКТАБИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 қабул гардидааст.

Мутобиқи ин барнома сохтану ба истифода додани корхонаю иншооти истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ дар нақша мебошад. Баҳри татбиқи он аллакай чандин иншооти муҳими хоҷагии халқ сохта шудааст. Аз ҷумла дар ноҳия сохтмони таълимгоҳи  нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуда, аксарияти онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд ва қисме дар арафаи анҷомёбист.
Солҳои зиёде буд, ки мактаби чӯбини рақами 24-и Ҷамоати деҳоти Ҷафр дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бар замми ин  норасоии синфхонаҳо ба раванди таълиму тарбия таъсири манфии худро мерасонд. Вазъи баамаломада роҳбарияти ноҳияро бетараф гузошта натавонист.
Натиҷаи ин буд, ки бо ташаббуси раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдураҳмонов ва дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зиёда аз як миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, мактаби замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таълимгоҳ дорои 10 синфхонаи барҳаво буда, барои 520 хонанда муқаррар гардидааст. Бинои мактабро сохтмончиёни ҶДММ «Наимӣ» (роҳбараш Маҳмаднаим Наимов) бо сифати баланд сохтанд.
Дар рафти ифтитоҳи расмии бинои мазкур раиси ноҳия С. Абдураҳмонов дар назди падару модарон, мактаббачагон ва муаллимон ва сокинони деҳа баромад карда, иброз дошт, ки бо шарофати истиқлолият ва дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи ноҳия рушд ёфта, ба пешравиҳои назаррас ноил мешавад. Вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки ба таҳсили фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, садди роҳи таҳсили онҳо нагарданд, зеро заминаи дониш ва омода намудани мутахассисони касбӣ маҳз аз мактаби таҳсилоти миёна ибтидо мегирад.
Мирзосафар РИЗВОНОВ, ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2014    №: 200    Мутолиа карданд: 1185
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед