logo

маориф

БОХТАР: МУҲАРРИКИ ОЛИМПӢ БА ГАРДИШ ОМАД

Таваҷҷуҳи рӯзафзуне, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф зоҳир менамояд, боис гардида, то солҳои ахир кори таълиму тарбия дар яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон – Бохтар беш аз пеш равнақ ёбад. Нуралӣ Азизов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур, ба мухбири «Ҷумҳурият» дар ин хусус чунин иттилоъ дод: 

- Дар ноҳияи Бохтар барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар давоми соли хониш як қатор корҳои назаррас сомон ёфтанд. Аз ҷумла, баҳри боз ҳам зиёд шудани шумораи хонандагоне, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ озмуни «Аз кӯшиш то амал» гузаронда шуд, ки ин бевосита ба хонандагони миёнахон тааллуқ дошт. Зеро ба таърихи соҳаи маориф назар афканем, қисми зиёди озмунҳое, ки гузаронда мешаванд, бештар ба хонандагони лаёқатманд нигаронида шудаанд.
Як муваффақияти ин озмун дар он буд, ки шумораи хонандагоне, ки баҳоҳои чору панҷ мегиранд, зиёд гашт. Ин аз чӣ сабаб буд? Аз он, ки ба майлу рағбат, ба маҳорати миёнахонҳо таваҷҷуҳ зиёд шуд. Баъзе хонандагоне буданд, ки, масалан, ба рассомӣ майли бештар доштанд. Бо онҳо дар ҳамин самт кор бурдем, дар натиҷа, онҳо на фақат дар  расмкашӣ, балки дар дигар фанҳо ҳам фаъол гаштанд. Хонандагоне, ки ба ягон чиз сохтан, навоварӣ кардан, ихтироъкорию устоӣ рағбат доштанд, ба қобилияти онҳо ҳам таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Яъне психологияи синну-солӣ, ки дар мадди назар буд, ба он овард, ки ин гуна хонандагон минбаъд кӯшиш карданд, то ба аълохонону хубхонон наздик шаванд.
Мекӯшем, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин озмунро гузаронем. Ташаббускори озмун шуъбаи маорифи ноҳия аст ва хуб мебуд, ки он дар дигар муассисаҳои таълимии вилоят низ гузаронда мешуд.  
Соли ҷорӣ пас аз пеш гирифтани ин иқдом сафи иштирокдорони  олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ афзуд. Яъне, мо тавонистем, муҳаррики олимпиро дар ноҳия ба гардиш дарорем. Агар солҳои пеш аз 400 то 500 нафар иштирок мекард, имсол зиёда аз 1000 хонанда дар олимпиада маҳорат санҷид. Мо соли гузашта дар олимпиадаи вилоятӣ 76 ҷой гирифтем. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз ноҳия 8 нафар иштирок карда, 4 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ гирифтанд. Муассисаи давлатии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, гимназияи давлатии рақами 3, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 шогирдони худро ба олимпиадаҳо нағз омода карданд.  
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи ғолибони олимпиадаи ноҳиявӣ ва 60 нафар муаллими пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Зокир ҲАСАН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2014    №: 202    Мутолиа карданд: 1184
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед