logo

маориф

ХУДИДОРАКУНИИ ШОГИРДОН АЗ ДИДГОҲИ УСТОД

Ҳамасола дар арафаи Рӯзи омӯзгорон дар бархе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ машғулиятҳо ва дарсҳо дар мавзӯи худидоракунии хонандагон гузаронда мешавад.
Барои огоҳӣ пайдо намудан аз ин иқдом ва раванди таълиму тарбия суҳбате доштем бо муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62 - и шаҳри Душанбе Муқаддам Шамсиева, ки мухтасари онро пешкаши хонандагон менамоем.

- Худидоракунии хонандагон чӣ маъно дорад?
- Ҳар сол бахшида ба Иди муаллимон масъулини баъзе аз мактабҳои таҳсилоти миёна тасмим мегиранд, ки дар ин рӯз аз ҳисоби талабаҳои фаъолу донишманд ва қобилиятноки синфҳои болоӣ дарсҳо ташкил намоянд. Яъне, нахуст ҷамъи омӯзгорон ба ҳам омада, машварат доир менамоянд, то ки донанд кадом хонанда ба кадом фан шавқу рағбати зиёд дорад, сипас шӯрои омӯзгорон ба хулоса меояд, ки барои санҷиши дониши онҳо дар амалия ҳамчун омӯзгор ба талабаҳои синфҳои поёнӣ дарсу машғулиятҳо баргузор намоянд. Ин дарсҳо аз ҷониби омӯзгорони тахассусӣ назорат ва баҳо дода мешаванд.

- Мақсад аз баргузории худидоракунии хонандагон чист ва оё ин иқдом барои рушди шахсияти эшон мусоидат менамояд?
- Албатта, аз баргузории ин раванд аён мегардад, ки хонандагон то куҷо нозукиҳои фанҳои азхуднамудаашонро медонанд ва чи тавр метавонанд, ки мустақилона бо ҷомеа, доираи васеи одамон робита дошта бошанд. Ҳамчунин, аз ин маълум мегардад, ки қобилияту истеъдоди кадом хонанда барои дар оянда омӯзгор гардидани ӯ мусоидат мекунад. Инчунин, дар дарсҳо сабуриву тоқатпазирии хонандагон мавриди санҷиш қарор мегирад.
Пас аз анҷоми ин рӯз ҳамаи он талабаҳое, ки як рӯз дар нақши омӯзгор буданд ва омӯзгорони онҳо ҷаласа баргузор менамоянд. Хонандагон фикрҳои худро дар мавриди чи қадар заҳматталаб будани касби омӯзгорӣ иброз медоранд ва худ дарк менамоянд, ки барои омӯзгор будан чи гуна рафтору гуфтор мувофиқ аст.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ба он хонандагоне, ки аз худ маҳорату қобилияти баланди эҷодӣ нишон додаанд, раҳматномаву сипосномаҳо супурда мешаванд. Омӯзгорони соҳибтаҷриба ба онҳо маслиҳат медиҳанд, ки дар оянда кадом касбро интихоб намоянд, дар зиндагӣ ва иртибот бо аҳли ҷомеа ва ҳамкорон кадом хислатҳоро доро бошанд.

- Ба андешаи Шумо, то куҷо хонандагон аз уҳдаи иҷрои ин касб мебароянд?
- Аввалан, мо ба хонандагон-омӯзгорон маслиҳат медиҳем, ки худро озод ҳис кунанд ва чи хеле ки мехоҳанд, ҳамон тавр дарс гузаранд. Ҳастанд хонандагоне, ки мехоҳанд дарсҳо ба таври нав гузаронда шаванд. Ғояҳои хуб ва тарзу усули замонавиро дар раванди дарсҳо ба кор мебаранд. Дар натиҷа онҳо ситоиш гашта, амалашон барои омӯзгорони ҷавону навтаҷриба талқин ва пешниҳод карда мешавад. Дар навбати худ мо, омӯзгорон, низ аз хонандагони донишманд баъзе чизҳои нав меомӯзем ва гоҳо камбудиҳои худро ислоҳ мекунем. Яъне, худидоракунҳо дӯстони мо ва «Дӯстон оинаи якдигаранд!».

- Таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62 чи гуна ба роҳ монда шудааст?
- Мактаби мо навбунёд буда, имсол ба ифтихори таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави хониши 2014-2015 ҳамчун тӯҳфаи арзанда пешкаш гардидааст.
Мактаб аз 30 синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир барои гузарондани машғулиятҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ ва ошхонаи барҳаво иборат буда, инчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои тарбияву ташаккули малакаи зебоипарастии наврасон мебошад ва дар ду баст 1280 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ иброз намуда буд, ки «Аз шумо, фарзандони азиз, тақозо мегардад, ки дар фазои орому осудаи Ватани азизамон аз имкониятҳои фароҳамсохтаи давлату Ҳукумат ҳарчи пурраву самаранок истифода намуда, масъулият ва қарзи фарзандии худро адо кунед, яъне барои амиқан азбар намудани илму дониши муосир ҳаматарафа азму талош варзед, касбу ҳунар омӯзед ва ба хотири ободии фардои Ватан аз имрӯз омода гардед».
Роҳбарият ва толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62 ин гуфтаҳои Президенти мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бунёди мактаби наву замонавӣ, ки дар ҷумҳурӣ назир надорад, шод буда, пайваста мекӯшанд, ки дар озмунҳову олимпиадаҳои мухталиф ширкат варзида, номбардори давлату миллати хеш бошанд.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2014    №: 207    Мутолиа карданд: 1571
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед