logo

маориф

ШАХСИЯТИ ДОНИШҶӮ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои марбут ба маорифи кишвар, ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ мешавад.
Омилҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим пеш аз ҳама тарбияи маънавии донишҷӯён мебошад, зеро ҳар як донишҷӯе, ки ифтихори миллӣ дорад ва аз таърихи аҷдоди худ бохабар аст, аз ҷиҳати маънавӣ тарбиядида ба ҳисоб меравад. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайяни ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ нақш доранд.  Гироиш ба маънавиёт, рағбат ба таҳсили илм, кӯшиши соҳиб гардидан ба касбу ҳунар ва пешаи арзандае, ки инсониятро ба сӯи шоҳроҳи саодати азалӣ роҳнамун месозад, дар замири ҳар фарди соҳибақлу солимфикри ҷомеаи мутамаддин дар ҳамаи давру замон новобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта, омили асосии таҳрику рушди банӣ башар гардидааст. Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки инсон давра ба давра равзанаҳои нав ба нави донишро пешорӯи худ боз намояд ва андӯхтаҳои хешро аз саҳифаҳои рӯзгор барои хушбахтии наслҳои оянда дар авроқи китобҳо абадӣ сабт созад. Аз ин ҷост, ки мақому манзалати таърихии мактабу маориф дар рушду такомули тамаддуну фарҳанг боло рафта, олимону донишмандон ва фарҳеҳтагони илму фарҳанг чун барандагон ва афрӯзандагони машъали илму дониш барои бахту саодати инсонӣ хидматҳои шоиста анҷом додаанд.
Яке аз масъалаҳои мубрами кишвари мо тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мебошад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, махсуси касбӣ ва алалхусус, дар донишгоҳу донишкадаҳо бояд ба сатҳи баланд бардошта шавад. Аз ин лиҳоз, чораҳое андешида мешаванд, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии донишандӯзии донишҷӯён ёрӣ расонанд. Сабабҳои паст будани сатҳи донишандӯзии аксари донишҷӯёни имрӯза надоштани малакаи мунтазами машғул шудан ба меҳнати фикрӣ мебошад. Бархе аз донишҷӯён, аз ин сабаб ба дониши кофӣ соҳиб намешаванд ва ҳатто мактаби олиро  хатм намекунанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро қисме аз донишҷӯён дониши кофӣ надоранд ва ба одитарин саволҳои барномаҳои таълимӣ ҷавоби саҳеҳ дода наметавонанд.  Сабабҳои дигари  ин вазъият интихоби нодурусти тахассус  мебошад. Баъзе донишҷӯён касб ва донишгоҳҳоро на аз рӯи дониш, шавқу ҳавас, қобилият ва огаҳ будан аз нозукиҳои касбҳои мухталиф, балки бо ҳидояти калонсолон ё тибқи назарияи эҳтимолият интихоб мекунанд.  Довталаб, масалан, бо касби иқтисодчӣ – молия гумон мекунад, ки агар соҳиби диплом шавад, дар бонкҳои тиҷоратӣ, идораҳои молиявӣ, мақомоти андоз, ширкатҳои калон дар вазифаҳои бонуфуз кор мекунад ва бо меҳнати начандон мушкил соҳиби даромадҳои калон мешавад. Аслан чунин нест. Фаъолияти ҳаррӯзаи иктисодчӣ метавон гуфт, ки мураккабтарин кори фикрӣ аст. Меҳнати иқтисодчӣ, хосатан молия, меҳнати  мунтазами пуршиддати фикрӣ буда, аз шахсе, ки бо он машғул аст, омӯзиш ва инкишофи дониши худро  талаб мекунад. Чунин меҳнат донишҷӯро водор мекунад, ки дар давраи таҳсил пайваста омӯзад ва худро ба меҳнати пуршиддати оянда тайёр созад.
Баланд бардоштани маънавиёти донишҷӯ ин худ тарбия кардани шахсияти ӯст. Зери мафҳуми шахсият маънии бузург ниҳон аст. Шахсияти донишҷӯро тавре бояд тарбият намуд, ки дар ниҳоди ӯ ҳисси меҳанпарастӣ, шукргузорӣ аз Ватани маҳбуб ва хештаншиносии миллӣ ҷой дошта бошад. Агар дар замири ҷавонон  ҳисси ватанпарастию ору номусро ҷой намоем, он ақидаҳои носолими тероризму экстремизм дар мафкураи онҳо ҷой намегирад. Бархе аз ҷавонон мафҳуми ватандӯстиро начандон дуруст дарк кардаанд. Ҷавононро тавре бояд тарбия намуд, ки бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ донишу малака ва рафтору кирдори хуб номи тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ бароранд.
Воқеан, тарбияи маънавии ҷавонон аз оила сар мезанад ва баъдан зина ба зина бо таъсири ҷамъият ва муҳити  атроф  рушд меёбад. Тарбияи маънавии онҳо агар хуб бошад, сатҳи сифати дониши онҳо низ баланд мегардад. Аз ин рӯ, сатҳи сифати таълим ба тарбия вобастагии бузург дорад.  Дар ҳама маврид бо меҳнати фикрӣ машғул шудан мумкин аст, яъне ин ҳама ба тарбияи насли нави босаводу бомаърифат, забондону ботарбия ва аз лиҳози ҷисмонӣ обутобёфтаву солим мусоидат карда, дар ниҳояти кор ба пешрафту ободии Тоҷикистон ва афзоиши обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ боис мегардад.
Пас аз ноил  гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ рушду таҳким ёфтани соҳаҳои илм ва мактабу маориф дар кишвари маҳбубамон неруи бузурги маърифатпарварӣ, созандагӣ, ободкорӣ ва сиришти азаливу таърихии миллати шарафманди тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро собит кардааст.

 З. ИСЛОМОВА,
номзади илми иқтисодӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.14    №: 246    Мутолиа карданд: 5165
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед