logo

маориф

ТАҲСИЛ ДАР БИНОИ НАВ

Дар арафаи соли таҳсили нави хониш дар ҳаёти омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 24 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеаи фараҳбахш рух дод. Ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави мактаб барои 360 хонанда мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои мактаб дуошёна буда, онро аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ба маблағи 5 миллион сомонӣ бинокорони ҶДММ «Евростройсервис» (сардораш Маҳмуд Умаров) сохта, ба истифода доданд. Ҳамзамон бинои нави мактаб бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти нави таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Бинои нави таълимӣ аз 14 синфхона, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ, ошхонаи дорои 80 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 100 нафар, маҷлисгоҳ иборат аст. Феълан дар ин ҷо 430 хонанда дар ду баст таҳсил карда, ба онҳо 50 нафар, аз ин шумора 45 нафар занҳо таълиму тарбия медиҳанд, ки беш аз 90 фоизашон хатмкардагони ҳамин мактаб мебошанд.
Тавре сарвари мактаб Раъно Ҳасанова иброз намуд,  солҳои пеш ҷомеаи омӯзгорону хонандагони таълимгоҳ бо душвориҳои зиёде дучор мешуданд. Зеро бинои қаблии таълимгоҳ ҳанӯз соли 1929 сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва баҳри пешбурди муваффақонаи корҳои таълиму тарбия чандон мувофиқ набуд. Бо вуҷуди ин ҳайати омӯзгорони мактаб кӯшиш мекарданд, ки шогирдонро бо донишҳои пухта мусаллаҳ намоянд ва ба ин ҳадафи худ ноил ҳам мешуданд. Далели ин нукта ҳамин аст, ки аз 40 нафар хатмкарда дар соли таҳсили гузашта 18 нафар ба таълимгоҳҳои олии касбӣ ва 15 нафар ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шуданд.
Муаллимони мактаб азми қавӣ доранд, ки бо мавриди истифода гирифтани бинои мактаб ва беҳ гардидани шароити таълиму тарбия дастовардҳои худро минбаъд боз ҳам афзунтар созанд. Зеро акнун баробари мавҷудияти синфхонаҳои васею барҳаво ва бо таҷҳизоти нави таълимӣ муҷаҳҳаз, омӯзгорони донишманд баҳри ташкили хуби машғулиятҳо маҳфилҳои «Физикҳои ҷавон», «Химикҳои ҷавон», «Математикҳои ҷавон»,  «Ганҷи сухан», инчунин маҳфилҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, рӯзгордорӣ ва ғайра шароитҳои мусоид фароҳам гардиданд.
Матн ва суратҳои
Мирзосафар РИЗВОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2014    №: 252    Мутолиа карданд: 1276
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед