logo

номаҳо

«ДУЗДИИ СОЛИНАВИИ «БИЛАЙН»

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 5 аз 8 январи соли 2015 маводе ба унвони «Дуздии солинавии «Билайн» нашр шудааст, ки муаллифи он шаҳрванд Ортиқи Қодир мебошад. Дар мақолаи мазкур маълумоте дарҷ гардидааст, ки ба воқеият мухолиф  буда, ба нуфузи кории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАКОМ» (Билайн) доғ меорад.
Дар мақола ҳолатҳои ба истилоҳ “дуздӣ” – и воситаҳои пулии муштариён ҳангоми тарофабандӣ намудани СМС-паёмҳо ва обуна кардани онҳо ба хизматгузориҳои гуногуни иттилоотии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАКОМ» тавсиф дода шудаанд.
Барои дарки воқеъбинонаи вазъи ба амаломада Ширкат ба таваҷҷуҳи хонандагони рӯзнома мехоҳад хусусияти технологияҳои SМS-паёмҳо ва рамзбандии (кодировкаи) алифбоҳои гуногунро фаҳмонад.
Технологияи SМS тибқи махсусияти байналмилалии  GSМ кор мекунад,  ки мувофиқи он ҳаҷми SМS-паёмак ба 140 байт (1120) баробар аст. Дар ин раванд барои алифбоҳои гуногун рамзбандиҳои гуногун истифода мешаванд. Ҳамин тариқ, барои алифбои лотинӣ рамзбандии 7-битдор, барои алифбои кириллӣ, хитоӣ, арабӣ ва ғайра рамзбандии 16-битдор истифода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми максималии SМS-паёмакҳо дар алифбоҳои мазкур ҳисоб карда шавад. 160 рамз барои алифбои лотинӣ (1120:7) ва 70 рамз барои алифбои кириллӣ, хитоӣ, арабӣ ва ғайра (1120:16) пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ин, телефони мобилии муштарӣ ҳангоми аз маҳдудияти мазкур барои паёмакҳо боло рафтан ба таври автоматӣ чунин паёмакро вобаста аз миқдори рамзҳо ба якчанд паёмаки алоҳида тақсим мекунад. Дар ин ҳолат, ҳангоми чидани SМS – паёмак телефони мобилӣ нишон медиҳад, ки чӣ қадар рамз чида шудааст ва чанд SМS – паём равон хоҳад шуд. Чунин принсипи кор бевосита дар таъминоти барномавии  телефонҳои мобилӣ коркард шудааст. Аз ин лиҳоз, операторони алоқа дар ҳеҷ ҳолат наметавонанд ба маҳдудияти зикршуда таъсир расонанд, зеро онро истеҳсолгарони таҷҳизоти номбурда мувофиқи махсусиятҳои байналмилалии GSМ муқаррар намудаанд. Оператори алоқа ҳамон миқдори СМС - паёмакҳоро тарофабандӣ месозад, ки аз тарафи муштарӣ аз тариқи телефонҳои мобилӣ равон карда шудааст.
Мутахассисони ҶДММ «ТАКОМ» бо ҷаноби Ортиқи Қодир машварат намуда, тарзи қулайтарини истифодаи хизматрасониро тавсия додаанд. Аз ин хотир, қазияи мазкур набояд ҳамчун кӯшиши ҶДММ  “ТАКОМ” барои ҷаримабандии муштариёни худ ва ё аз онҳо ситондани пардохти иловагӣ баҳо дода шавад. Гузашта аз ин, амали мазкур дар ҳеҷ маврид набояд ҳамчун кӯшиши поймолсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шавад.
ҶДММ  “ТАКОМ” доираи васеи хизматрасониҳоро барои муштариён пешниҳод намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин хизматрасониҳоро ба таври максималӣ барои онҳо қулай гардонад. Мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунанда ҳуқуқ надорад, ки бе розигии истеъмолкунандагон ба онҳо хизматҳои иловагии музднокро ба иҷро расонад. Ҳамаи хизматгузориҳо ба муштариён комилан бо ризоияти онҳо расонда мешаванд. Маълумоти иловагӣ оид ба хизматгузориҳо, шартҳои расонда шудани онҳо ба диққати муштариён тавассути марказҳои хизматрасонӣ ва ҷойгирсозии иттилооти дахлдор дар сомонаи расмии www.beeline.tj ба таври дастрас оварда шудааст.
 

Константин КОЛЕСОВ,
директори кулли ҶДММ “ТАКОМ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.15    №: 14    Мутолиа карданд: 4978
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед