logo

маориф

ЧАРОҒИ РАВШАН

ё дар талоши баланд бардоштани савияи дониш
Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти вижа дар мавзӯи «Баланд бардоштани сифати таълим» баргузор гардид, ки дар он Тоҳирҷон Хоҷаев, сардори раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамаи омӯзгорони факултети мазкур ширкат доштанд.
Эмом Насурдинов, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дар оғози ҳамоиш мужда дод, ки китоби «Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми дуюм) дар зери таҳрири Ш. Ғаюров, мудири кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ва Ф. Сулаймонов, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, ба табъ расид. Муаллифони китоб омӯзгорони факултетанд ва он бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст. Дар китоб масъалаҳои танзими ҳуқуқии уҳдадориҳои гражданӣ, аз ҷумла шартномавӣ ва ғайришартномавӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.
Назар ба гуфтаи Эмом Насурдинов, масъалаи мазкур, яъне роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар кафедраҳои забонҳо, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт.
Мавсуф зикр кард, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи шогирдон ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ солҳои тӯлонӣ устодон Шомурод Менглиев, Неъмат Абдуллоев, Зайниддин Искандаров, Изатулло Маҳмудов, Маҳмад Забир, Тақдиршо Шарифов, Абдуғаффор Сатторов ва дигарон саҳми босазо доранд.
Бо мурури айём вобаста ба талаби замон, тавсеаи арзишҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва дар сатҳи байналмилалӣ омода кардани мутахассисон моро водор месозад, ки усулҳои нави замонавии баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиро ҷустуҷӯ ва татбиқ намоем. Ба андешаи декани факултет тарзи гузаштани дарсҳо, ки хусусияти анъанавӣ доранд, гоҳо чандон натиҷаи хуб намедиҳанд.
Ҳарчанд шумораи олимони соҳаи ҳуқуқ афзуда бошад ҳам, вале донишҳои толибилмон ба талаботи замони нав ҷавобгӯ нестанд. Ягон кас дар баҳсҳои байналмилалӣ дар Чину Русия ва дигар давлатҳои Ғарб иштирок накардаанд. Агар ширкат дошта бошанд ҳам, комёб нашудаанд. Яке аз сабабҳои асосӣ надонистани забони хориҷӣ мебошад.
- Агар донишҷӯ дарк намояд ва мутмаин бошад, ки омӯзгор нияти донишманд шудани ӯро дорад, кӯшишу ғайраташ меафзояд.
Бояд дар дили донишҷӯ шавқу ҳаваси илмомӯзиро бедор кард ва тақвият дод,- иброз дошт Эмом Насурдинов.  
Дониёр Сангинов, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, иброз дошт, ки мо баъзан ба донишҳои соҳаҳои алоҳида таваҷҷуҳ мекунему ба он санадҳое, ки фаъолияти ҳаррӯзаи моро танзим мекунанд, рӯ намеорем. Ӯ зикр кард, ки дар моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 36 уҳдадорӣ ва 8 масъулият дарҷ гардидааст, ки фаъолияти ҳамарӯзаи мо - омӯзгоронро фаро мегирад. Ба назари мавсуф, омӯзгор бояд лексияи хуб омода кунад ва эҳтироми хоса ба донишҷӯ дошта  бошад. Қоидаҳои равонӣ, этикӣ ва гузаштани усулҳои алоҳидаи интерактивӣ иҷро шаванд.
Устодони беҳтаринро бо мукофот ҳавасманд кардан лозим аст. Бигузор худи донишҷӯён ба устодон баҳо диҳанд. Ба донишҷӯёни беҳтарин ифтихорнома дода шавад.
- Мо бояд донишҷӯёнро баъди дарс ба маҳфилҳо ҷалб созем, маърӯзаҳо диҳем ва бо онҳо кор кунем, - гуфт Дониёр Сангинов.
Фирӯзҷон Сулаймонов, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, иброз дошт, ки омӯзгор баъди гузаштани мавзӯъ ба донишҷӯён саволҳо диҳад ва муайян намояд, ки шогирдон то кадом дараҷа онро фаҳмиданд. Назар ба гуфтаи ӯ, дар донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ба мисли Кембриҷу Оксфорд, Гарвард усулҳои таълиме ҳаст, ки донишҷӯ устодро интихоб мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзгор то кадом дараҷа дониш дорад.
Асосан донишҷӯ баромад мекунад ва омӯзгор ҷамъбаст менамояд. Ба андешаи Раҷабалӣ Бозоров, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, барои баланд бардоштани савияи дониши толибилмон дар самти таълим, пеш аз ҳама, ҷоннок кардани масоили тарбиявӣ муҳим аст.
Пешниҳоди адабиётҳо ба донишҷӯён ва истифодаи усули пурсишу посух судбахш аст.
Шукрулло Ғаюров, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, гуфт, ки баланд бардоштани сифати таълим якчанд замина дорад, ки яке аз онҳо заминаи моддист. Субъекти баланд бардоштани сифати таълим омӯзгор, донишҷӯ ва давлат аст. Маълумот оид ба таълиму тадрис бояд аз ҷониби сохторҳои соҳаи маориф тавассути семинарҳо омӯзонда шавад. Зеро на ҳама дониши педагогӣ доранд. Педагогика ин илм аст.
Ба ақидаи Неъмат Абдуллоев, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, дониши толибилмон нисбат ба солҳои замони шӯравӣ коста аст. Ба ин носозгориҳои ҷомеа таъсир расонд. На ҳамаи донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ соҳиби кор мешаванд. Солҳои охир завқи китобхонии муҳассилин кам шудааст. Бояд онро баланд бардошт.
Хайрулло Ғафуров, муовини декан, пешниҳод кард, ки барои таълифи роҳнамо аз ҳамаи кафедраҳо як нафарӣ интихоб шавад ва дар Шӯрои олимон тасдиқ гардад. Имрӯз аксари донишҷӯён аз воситаҳои иттилоотӣ ва навгониҳои техникӣ бархӯрдоранд. Устодон низ бояд аз чунин дастовардҳо истифода баранд.
Ба андешаи Тоҳирҷон Хоҷаев, сардори раёсати илми донишгоҳ, дар он ҷойе ки кор бошад, камбудӣ низ ҳаст. Мавсуф таъкид ба он дошт, ки нисбати донишҷӯён хайрхоҳ будан лозим аст.
Декани факултет зимни ҷамъбасти ҷаласа иброз дошт, ки баргузор намудани чунин ҷаласаҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон мусоидат мекунанд. Дараҷаи тафаккур ва баёни ақидаи аксари донишҷӯёну омӯзгорон хеле пешқадам аст. Дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ ва чопи китобҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Мавсуф аз омӯзгорон даъват намуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши толибилмон ва маърифати ҳуқуқии онҳо боз ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Оре, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш таъкид бар он дошт, ки инсоният аз замони офариниш ба омӯхтани дониш ниёз дорад. Хирадмандон дар ҳама давру замон барои ба даст овардани дониш ба ҳар василаву забон онро гирд меоварданду гиромӣ медоштанд ва ба наслҳои минбаъда мерос мегузоштанд. Зеро
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В- аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. 
 

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.15    №: 16    Мутолиа карданд: 3146
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед