logo

маориф

ФИЛИАЛ ҲУҚУҚИ ДОДАНИ ДИПЛОМИ ДАВЛАТИРО ПАЙДО НАМУД

Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе  Абдуҳамид Низомов иттилоъ дод, ки тайёр кардани мутахассисон дар муассисаи  номбурда соли 2014 аз рӯйи меъёрҳои  таълимии  навтарин ба роҳ монда шуд. Дар моҳи май ҳамаи барномаҳои таълимӣ аз аккредитатсия гузашта, экспертизаи мундариҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони филиал сурат гирифт. Аз рӯйи натиҷаи кори комиссия  филиал ба дараҷаи донишгоҳ мувофиқ будани худро тасдиқ намуда, ба ҳуқуқи додани дипломи давлатӣ аз рӯйи 5 барномаи таҳсилоти олии касбӣ соҳиб гардид. 40 фоизи хатмкардагони соли 2014 таҳсилашонро дар зинаи дуюми таълим – магистратура идома доданд.
Бинобар гузориши А. Низомов, устодони филиал соли рафта 2 монография, 15 мақолаи илмӣ, 11 фишурдаи баромадҳо, 3 китоби дарсӣ ва матолиби таълимию методиро ба табъ расонданд. Матолиби таълимии «Атласи муноқишаҳои байналмилалии асри XXI», ки аз тарафи донишҷӯёни равияи «Муносибатҳои байналмилалӣ» таҳти роҳбарии  профессори Донишгоҳи давлатии Москва, Корманди шоистаи мактаби олии Федератсияи Русия И. Ф. Кефели таҳияву нашр шуд, дар донишгоҳ баҳои баланд гирифт.
Дар охир А. Низомов зикр намуд, ки баргузории нишастҳои матбуотӣ ба инъикоси бисёр масъалаҳои таҳсил дар  муассисаи номбурда мусоидати созанда дорад.
- Таваҷҷуҳи воситаи ахбори омма ба фаъолияти филиали   Донишгоҳи давлатии Москва бештар мешавад. Аз ин рӯ, устодону омӯзгорони мо омода ҳастанд бо рӯзноманигорон ҳамкории густурда намоянд, - иброз намуд ӯ.
 

Э. НАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.15    №: 22    Мутолиа карданд: 2836
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед