logo

маориф

ВАТАНДӮСТИ АСИЛРО ТАРБИЯ НАМОЕМ

Ҳифзи Ватан аз муҳаббат ба он маншаъ мегирад. Аз ин хотир, баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлати миллӣ, таҳким ва рушди ҳокимияти сиёсӣ баланд бардоштани маърифат, ҷаҳонбинӣ ва вусъат бахшидани фарҳанги сиёсии ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон зарур аст.
Борҳо гуфтаем, ки дӯст доштани Ватан, ифтихори ватандорӣ аз оила ва мактаб оғоз меёбад. Аз ин сабаб мо, падару модарон ва омӯзгорони макотиби умумиву олии кишварро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбияи фарзандон ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем.
Имрӯз дар мамолики гуногуни дунё созмонҳои тундраве  пайдо шудаанд, ки аз вазъи ноустувори баъзе кишварҳо истифода намуда, миёни сокинон ба мақсади ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳодҳои динии ифротӣ таъсис доданд. Ин равияҳои тундгаро бештар барои манфиати хеш ҷавонони ноогоҳ ва бесаводро шомили гурӯҳҳои худ сохта, дар ниҳоди онҳо идеологияи бегонаро ворид месозанд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳо тахрибкорӣ, вайронсозии кишварҳо, душманӣ ангехтан дар байни мардум ва бо ин васила ба даст овардани сарват аст.
Таърихи башар борҳо собит сохтааст, ки ба хотири паҳн намудани ин ё он идея, зиёд кардани миқдори ҳамфикрону ҳаммаслакон байни намояндагону паҳнкунандагони афкори гуногун дар давлатҳои мухталифи дунё борҳо ҷангҳои хунин ба вуқӯъ омадаанд. Барои ба ин мақсади касиф расидан, беш аз ҳама дар кишварҳои рушдашон суст  ба ҷавонону наврасон аҳамияти зиёд медоданд. Ва ашхосе, ки мехоҳанд мақсадҳои ифлоси худро роҳандозӣ намоянд, ҷавонони бехабар аз асли воқеаро бо ваъдаҳои ба даст овардани савоби бештар ва шаҳид шудану ба биҳишт рафтан фиреб медиҳанд.  Дар натиҷа ба даст силоҳ мегиранду алайҳи ҳамдинону ҳамватанон ва ҳатто хешу ақрабои худ меҷанганд. Қисми зиёди онҳо ҳатто намедонанд, ки барои кию чӣ меҷанганд.
Мутаассифона, гурӯҳи  ҷавонони тоҷик низ мехоҳанд бо ин васила сулҳу амниятро дар кишвари мо барҳам зананд ва ҷомеаро ба гирдоби нооромиҳои харобиовар ғӯтавар созанд. Роҳбарони равияҳои ифротгаро аҳком ва шариати дини мубини Исломро бо андешаҳои муғризонаи шахсии худ доғдор сохта, ақидаҳои разилонаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой медиҳанд. Онҳо таблиғот мебаранд, ки дини Ислом мусулмононро ба ҷиҳод даъват кардааст ва бо ин гуфтаҳои бардурӯғи хеш мусалмононро алайҳи мусалмонон мешӯронанд.  Ба ин хотир, дар шароити муосир тақвияти Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик чун обу ҳаво зарур аст. Ҷомеа, махсус ҷавонон, бояд донанд, ки халқи тоҷик дорои таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти оламгир аст. Мо бояд сатҳи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавононро баланд бардорем. Тавре устод Лоиқ гуфтааст:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Аз ин рӯ, мо, насли калонсол, уҳдадорем, ки дар замири насли наврасу ҷавон, пеш аз ҳама, нангу номуси миллиро барои ҳифзи марзу буми кишвар тарбия намоем.

 Қудратулло МИРАКОВ,
 мудири кафедраи фаъолияти гумрукии
 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2015    №: 51    Мутолиа карданд: 1034
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед