logo

маориф

ҲАМАДОНӢ. ЧАРО ЛОИҲАИ МАКТАБ ХОБ АСТ?

Шайдулло Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия дар суҳбат бо  «Ҷумҳурият»  оид ба омодагӣ ба соли нави хониш,  таъмини кадрҳои ҷавон бо кор, либоси ягонаи мактабӣ, фарогирии хонандагони синфҳои  «1» ба мактаб  чунин гуфт:

- «Соли таҳсили гузашта мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро 2223 хонанда хатм карданд, ки аз ин шумора 1687 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷчат супориданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам соли ҷорӣ теъдоди квотаҳоро барои ноҳия зиёд кард. 21 квота ба 11 духтар ва 10 писар муносиб дониста шуд. Рақобат барои ноил шудан ба квота шадид буд ва миёни 70 довталаб 21 нафар сазовор дониста шуданд.
Мактабҳои ноҳия мушкилоти нарасидани кадрро надоранд. Соли гузашта 88 кадри ҷавон баъди хатми донишгоҳҳо бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба ноҳия омаданд, ки 87 нафари онҳо таъмин гардиданд. Соли ҷорӣ бошад, 99 кадри ҷавон сафарбар шудааст, ки ба кор таъмин шуда истодаанд. Омӯзгорони ҷавон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ имтиёзи зиёд доранд. Онҳо бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд.  Дар баробари таъмини кадрҳои омӯзгорӣ  масъалаи  сифати таълим ва таъмини шароити моддӣ барои хонандагон  низ дар мадди аввал меистад. 
Масъалаи таъмини хонандаҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ҳалли худро ёфт. Ширкатҳое, ки аз тарафи мактабҳо фармоиши духти либосҳоро  гирифтаанд, то 20 –уми август маҳсулоти тайёрро бояд пешниҳод намоянд. Нархи либосҳо бо назардошти шароити оилаҳо  барои духтарон аз 80 то 110 сомонӣ ва барои писарон то 150 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Яъне, нархро мутаносиб ба буҷети оилаҳо муайян кардаанд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ  ҳалли ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ  қарор додаем.
«Бояд қайд кард, ки дар баробари тадбирҳои андешидашуда ва ҳалли масъалаҳои зикргардида, мушкилоте низ ҷой доранд, ки ҳалли онҳо берун аз доираи шароиту имконияти мо аст», - гуфт Шайдулло Исоев.
Барои равшанӣ андохтан ба ин ҷиҳати масъала ҳолати яке аз мактабҳои ноҳияро мавриди таҳқиқ қарор додем. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3,  дар Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд соли 1965 сохта шудааст. Ҳоло наздик ба 1000 хонанда дар ин мактаб таҳсил мекунад. Соли  2005 бар асари баланд шудани сатҳи дарёи Панҷ оби он то як метр ба  синфхонаҳои мактаб ворид шуда, як моҳ ин ҳолат идома ёфт. Ҳоло мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.  Аз байн даҳ сол гузашта бошад ҳам, дар ин самт то ҳол чораҳои зарурӣ андешида нашудааст. Бояд бинои нави мактаб сохта мешуд, аммо то ба имрӯз лоиҳаи сохтмони он дар идораҳои марбута хоб аст.  Ҳар сол мактаб  таъмири ҷорӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  45 ҳазор сомонӣ барои таъмири мактаб ҷудо намудааст, аммо ин маблағ хеле кам буда, имкони таъмири пурраи бинои онро намедиҳад.
Мушкилоти дигар зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда ба мактаб омадани хонандагон мебошад. Аз маҳаллаи навбунёди Анҷиркон кӯдакон роҳи дарозро тай карда, ба мактаб меоянд, ки бисёр вақт сабаби дермонии онҳо ба дарс мегардад. Вобаста ба ин масъала сокинони деҳа тавассути вакилашон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Вазорати маориф ва илм барои бунёди мактаби асосӣ ҳанӯз  соли 2005 муроҷиат карда буданд. То ҳол ин масъала баррасӣ ва ҳаллу фасл нашудааст.
Дуруст аст, ки  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмири мактабҳо ва сохтани синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷет 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.
Хуб мешуд дар радифи  корҳои назарраси идораи маорифи ноҳия дар самти дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва таъмини мактабҳо бо кадрҳои зарурӣ ба обод кардани мактабҳои деҳот, таъмири пурраи мактабҳои садамавӣ  ва бунёди мактабҳои нав  таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешуд, то наврасон дар шароити муносиб тарбия меёфтанд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»
 Душанбе-Ҳамадонӣ-Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2015    №: 169    Мутолиа карданд: 1535
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед