logo

суханрониҳо

Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи сементбарории шаҳри Ваҳдат, 6 сентябри соли 2015

Ҳозирони гиромӣ!
Басо рамзист, ки ҳамасола дар арафаи бузургтарин ҷашни  миллиамон – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дигар иншооту коргоҳҳои калони дорои аҳамияти иқтисодӣ барои рушди кишварамон ба истифода супурда мешаванд.
Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи нави сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат идомаи ҳамин раванди неки созандагии кишварамон мебошад, ки дар қатори дигар корхонаҳои сементбарорӣ барои рушди соҳаи саноат, афзун гардидани иқтидори истеҳсолии мамлакат ва вусъати бештар гирифтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми сазовор мегузорад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, роҳбарону мутахассисони корхонаи сементбарории Ҷамъияти “Тоҷ–Чайна” ва ҳозирони гиромиро ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи пуриқтидори замонавӣ табрик гуфта, ба соҳибкорону сармоягузорон ва сохтмончиёну масъулони корхона барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супурдани корхона изҳори сипос менамоям.
Бояд гуфт, ки дар давоми камтар аз ду сол ба коргарону мутахассисони ватаниву хориҷӣ муяссар гардид, ки корхонаи имрӯзаи муҷаҳҳаз бо технология ва таҷҳизоти навтаринро бунёд намоянд. Санги асоси ин корхона моҳи октябри соли 2013 гузошта шуда, дар сохтмони он 500 нафар мутахассисону коргарон, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, фаъолият кардаанд.
Баробари ба кор даромадани корхонаи мазкур 700 нафар шаҳрвандони мо соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, истеҳсоли сементи баландсифати навъҳои 500 ва 600 ба роҳ монда мешавад, ки он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидори зиёд дорад. Сармоягузории лоиҳавии бунёди корхона 600 миллион сомонӣ буда, иқтидори истеҳсолии он зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил медиҳад.
Маҳсулоти корхона дар сохтмони иншооти ҳаётан муҳими саноативу гидротехникӣ ва гидроэнергетикӣ, инчунин дигар иншооту корхонаҳо ва аз ҷониби аҳолӣ низ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Коргоҳ дар мавзеи бисёр мувофиқ ҷойгир буда, ашёи хом аз конҳои оҳаксанги «Чормағзак - 3» ва гилхоки “Ваҳдат” бо харҷу вақти кам дастрас мегардад.
Дар баробари ин, роҳбарону мутахассисони корхонаро зарур аст, ки ба масъалаҳои бехатарии экологӣ, яъне риояи меъёрҳои муосири экологӣ ва муҳайё кардани шароити хуби корӣ барои мутахассисону коргарон диққати зарурӣ диҳанд.
Бунёду ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат, имконият фароҳам меорад, ки ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат бо ҷойи доимии корӣ таъмин шуда, шароити зиндагиву рӯзгори онҳо тадриҷан беҳтар гардад.
Бо итминон метавон гуфт, ки баробари сохта ва ба истифода додани корхонаҳои ба нақша гирифташудаи сементбарорӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла корхонаи имрӯза ба вусъат гирифтани бунёди садҳо иншооти хурду бузург, инчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Раванди навсозии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва вазъи молиявию иқтисодии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мо бо истифода аз технологияҳои муосир доир ба коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ чораҷӯӣ кунем ва бо ҳамин роҳ пешрафти соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардумро таъмин намоем.
Зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони кишвар ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат буда, моро зарур аст, ки бо ин мақсад тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар созем.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ аҳамияти хоса дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи маблағгузории иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои истеҳсолӣ, таваҷҷуҳи доимӣ дошта, кӯшиш дорад, ки бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат тавассути бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ дастрасии маблағҳои қарзиро нисбатан сабук гардонида, ҳаҷми пешниҳоди маблағҳо торафт афзоиш дода шавад.
Дӯстони азиз!
Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои охир дар мамлакат чандин иншооти бузурги энергетикӣ, коммуникатсионӣ, неругоҳҳои барқи обии хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Инчунин сол ба сол зиёд шудани сохтмони чунин иншоот ва биноҳои истиқомативу маъмурӣ талаботро ба семент зиёд гардонида истодааст.
Дар ин раванд, тавре ки аз таҳлили натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар 7 моҳи соли ҷорӣ бармеояд, соҳаи саноати мамлакат бомаром афзоиш меёбад. Аз ҷумла истеҳсоли семент ва хишт дар ин давра мутаносибан 31 ва 38 фоиз зиёд гардидааст, ки ин барои рушди соҳаи сохтмони мамлакат заминаи хуб мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар давоми ду - се соли охир чандин корхонаҳои хурду бузурги сементбарорӣ бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Аз ҷумла, азнавсозии корхонаи “Тоҷиксемент” дар шаҳри Душанбе, бунёди корхонаҳои гуногуни сементбарорӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон боиси ба вуҷуд омадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва сарчашмаҳои нави ғанигардонии буҷети мамлакат шуда истодаанд.
Дигар ин, ки дар натиҷаи афзудани ҳаҷми истеҳсоли сементи ватанӣ ҳоло нархи он дар бозори дохилӣ хеле арзон шудааст, ки ин омил ба вусъат ёфтани сохтмону ободонӣ, аз ҷумла бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар корҳои ободонӣ, таъсири мусбат расонида истодааст.
Айни замон дар кишвар 10 корхонаи сементбарорӣ фаъолият менамояд, ки иқтидори умумии онҳо 2,5 миллион тоннаро ташкил дода, шумораи ҷойҳои кории онҳо қариб ба дуюним ҳазор нафар расидааст.
Дар замони шӯравӣ дар ҷумҳурии мо фақат як корхонаи сементбарорӣ мавҷуд буд, ки иқтидори солонаи он ҳамагӣ 500-600 ҳазор тоннаро ташкил мекард. То давраи ба кор оғоз кардани корхонаҳои хурду бузурги сементбарорӣ дар мамлакат шиддати талабот ба семент эҳсос мегардид ва аз хориҷи кишвар ҳар сол беш аз якуним миллион тонна семент ворид карда мешуд.
Агар соли 2013 дар мамлакат ҳамагӣ 384 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2014 ба як миллиону 150 ҳазор тонна расонида шуда, танҳо дар 7 моҳи соли равон 800 ҳазор тонна семент истеҳсол гардидааст. Яъне дар натиҷаи амалисозии сиёсати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда воридоти семент аз хориҷи мамлакат тадриҷан коҳиш ёфта, дар 7 моҳи соли равон ҳамагӣ 75 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳол он ки соли 2013 аз хориҷи мамлакат беш аз 1 миллион тонна семент ворид шуда буд.
Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи имрӯза ҳаҷми истеҳсоли семент дар мамлакат боз ҳам афзоиш меёбад ва худи ҳамин сол тавассути ба истифода додани боз як корхонаи нави сементбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо иқтидори пурра кор кардани корхонаи имрӯза иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ қариб ба 5 миллион тонна расонида шуда, талаботи иншооти сохтмонӣ бо сементи ватанӣ пурра таъмин мегардад ва аз соли оянда воридоти семент аз хориҷи кишвар қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз, соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки ба масъалаи сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда чораҳои доимӣ андешанд.
Дар айни замон хотирнишон менамоям, ки дар самти таъсиси корхонаҳои нав барои истеҳсоли дигар намудҳои масолеҳи сохтмонӣ ва дар корхонаҳои амалкунандаву бунёдшаванда то ба 90 фоиз расонидани шумораи мутахассисону коргарон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои муассир бояд андешида шаванд.
Бори дигар таъкид месозам, ки мо бо ташкили чунин корхонаҳои саноатӣ бояд ҳадафи пешгирифтаамон, яъне аз кишвари воридоткунанда ба кишвари содироткунандаи молу маҳсулот табдил додани Тоҷикистонро ҳарчи зудтар амалӣ намоем ва бо ҳамин роҳ барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё созем.
Дар охир ба ҳамаи шумо, роҳбарон, соҳибкорону сармоягузорон ва мутахассисону коргарони корхонаи навбунёди Ҷамъияти “Тоҷ-Чайна” барори кор орзу намуда, итминон дорам, ки шумо минбаъд низ бо кору фаъолияти созандаи худ дар баланд бардоштани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон саҳми сазовори хешро мегузоред.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2015    №: 182    Мутолиа карданд: 917
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед