logo

сиёсат

МО АГАР НОМУС ДОРЕМ...

Замоне бо амри тақдир гуреза шуда ба Афғонистон рафтам. Дар кишвари ҳамсоя бо чашми сар дидам, ки чӣ гуна саркардагони ҲНИТ якҷо бо хоҷагони хориҷиашон миёни гурезаҳо “кор” мебурданд. Онҳо мардумро гумроҳ карданӣ шуда, мегуфтанд, ки дигар ёди Ватан накунанд. Гурезаҳои тоҷикро бо ҳар гуна маъвизахониҳои сохтаву бофта ва дур аз ислом бовар кунонданӣ мешуданд, ки ҷиҳоду мубориза дар Тоҷикистон фарз аст.

Ин гурӯҳ мардуми содаву зудбовари ғарибафтодаро водор месохтанд, ки риш монанду ба ифроту таассуб гароянд. Волидонро маҷбур менамуданд, ки  фарзандони ноболиғи худро шомили макотиби ғайрирасмии исломии Покистону дигар кишварҳо гардонанд. Ҳоло теъдоди муайяни онҳо дар сафи гурӯҳи толибону дигар созмонҳои ифротӣ қарор доранд.
Имрӯзҳо ҳаводиси даҳшатафкании “Давлати исломӣ” - ро мебинаму суҳбати он замон бо як мӯсафеди афғон доштаам пеши назар меояд. Ӯ ҷалби наврасони тоҷикро ба мактабҳои исломӣ дида, бо дард мегуфт: “Ин бадандешон бо чунин кору рафторашон оянда барои худ давлати исломии алоҳида бунёд карданианд. Тоҷикони овора агар заррае ақлу идрок ва фаросат доранд, бояд худро аз ин бешарафҳо дур гиранд ва ба Ватан баргарданду бо ҳам созиш кунанд”.
Ин ҷо аз иқдоми неку саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар шуд, ки муҳассилини тоҷикро аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонд.  Вагарна як қисми онҳо ба “Давлати исломӣ” мепайвастанд.
Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, паноҳандагон ба Ватан баргаштанд, ки ин ҷо низ нақши Президенти кишвар хеле калон аст. Баъд аз имзои ин санади таърихӣ онҳое, ки ҳастии миллатро намехостанду зери навои ноҷӯри хоҷагонашон мерақсиданд, бо ҳар роҳу восита ба пешрафти ҷомеа халал мерасонданд.  Дар  Рашту Бадахшону Суғд ифротиён хостанд аҳдофи нопоки хоҷагони хориҷиашонро пиёда созанд, аммо ба мақсад нарасиданд. Чун ноком шуданд, роҳу василаи дигар ҷустанд ва худро ҷонибдори  ба ном “Давлати исломӣ” эълон карда, ҳар гуна адабиёти ифротгароиро  вориди кишвар гардонданд. Чанде аз наврасону ноболиғонро ба доми фиреби худ кашида, ба онҳо дастур доданд, то ба хотири ба даст овардани “ризоияти Худованд” парчамҳои сиёҳи “Давлати исломӣ”-ро дар баъзе аз манотиқи кишвар боло кунанд.
Хоҷагони хориҷӣ чун диданд, ки ин нақшаашон низ амалӣ нагашт, дигар роҳу усулро пеш гирифтанд. Аъзои ҲНИТ ва саркардагони онҳо ҳангомаву валвала карданд, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳуқуқи онҳоро ниҳодҳои амниятиву интизомии кишвар поймол месозанд.  Бо ин васила таваҷҷуҳи хоҷагони сарватманди бурунмарзиашонро ба худ ҷалб карданду маблағи зиёде дастрас намуданд. Собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Назарзода ва ё маъруф ба ҳоҷӣ Ҳалим, ба қавле, баҳри “дифоъ” аз “бародарони исломиаш” силоҳ ба даст гирифт ва бо гурӯҳҳои ифротгарояш амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуд. Ҳадафи ниҳоии онҳо сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки хушбахтона, ин дафъа низ ба мақсад нарасиданд.
Чун рӯзҳои сахти паноҳандагиро аз сар гузарондаву пайвандону наздикони худро дар ин ҷанги таҳмилӣ аз даст додаам, нисбат ба он нафароне, ки бо дастуру супориши хоҷагонашон мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ созанд, нафрат дорам. Афсӯс, ки имрӯз дар ҷомеа  афроди манфиатҷӯ, яке дар ниқоби вакили дифоъу дигаре афсар мехоҳанд аз гурӯҳҳои ифротгарову тахрибкор пуштибонӣ намоянд. Бузургмеҳр Ёрову чанде аз адвокатҳои ба қавле, “маъруф” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  Барои онҳо пулу молу сарват болотар аз ҳама муқаддасоти миллист.
Аъмоли чунин афродро маҳкум менамоям. Намехоҳам, ки дигар хуни ноҳақ бирезад,  модари тоҷик либоси мотамӣ  пӯшад. Бас аст бо ҳар гуна бадандеш сари як дастурхон нишастану фирефтаи суханони пур аз макру ҳиллааш гаштан. Ҳар кӣ нангу номус  дорад, аз марзу буми кишвар, аз муқаддасоти Ватан бояд дифоъ кунад.
Муҳаммадҷон  ОДИНАЕВ,
собиқ паноҳанда дар Афғонистон,
 сокини вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.10.2015    №: 202    Мутолиа карданд: 2125
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед