logo

маориф

ТЕМУРМАЛИК: МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ РАВИЯҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТ

Дар ноҳияи Темурмалик фаъолияти иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи паст қарор дошта, ба ғайр аз нақшаи корӣ гузарондани дарсҳои намунавӣ, муҳокима ва баррасии мавзӯъҳои методӣ, таҳлили барнома, нақша ва китобҳои дарсӣ, дастурҳои нави таълимӣ ва методӣ дида намешавад.

Дар ин бора Вайсиддин Исмоилзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи кормандони соҳаи маориф иттилоъ дод.  Номбурда иброз дошт, ки дар ноҳия дар қатори муассисаҳои таълимӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи сифати таҳсили хонандагон Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, Маркази эҷодиёти кӯдакон (таҳсилоти иловагӣ) ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст. Аз рӯи маълумоти пешниҳодшуда, танҳо дар давоми соли 2015 ба маблағи умумии 40 ҳазору 236 сомонӣ китобҳои тозанашр барои китобхонаҳои мактабӣ харида шудааст. Бо вуҷуди ин, санҷиш нишон дод, ки талаботи 10 банди мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, соли 2014, № 9/1 иҷро нашуда аст. Масъалаи ташкили равияҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Дар маҷмӯъ, аз 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо дар 2 муассиса 3 синфи таҳсилоти равиявӣ фаъолият доранду халос.
Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  оид ба вазъи ҳуҷҷатдорӣ ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар таълимгоҳҳои ноҳия иброз доштанд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳияи нақшаи кори солона дар муқоиса бо солҳои қаблӣ беҳтар гардида бошад ҳам, вале чун пештара бобҳои дигари нақша аз нақшаи қаблӣ кӯчонида шуда, вобаста ба талаботи замони муосир тағйирот ворид нагардидааст.
- Вазъи таълим ва сатҳи дониши хонандагон низ ҳанӯз мувофиқи матлаб набуда, санҷиши дониши шифоҳии хонандагони синфҳои 5 - 11 - и муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 18, 23, 26, 31 нишон дод, ки таълими фанҳои риёзӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, таърих беҳтар гардида бошад ҳам, дар омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, химия ва физика пешравӣ ба назар намерасад, - гуфт Вайсиддин Исмоилзода.
Қайд гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сатҳию рӯякӣ мебошад. Ин гурӯҳҳо мониторинги сифати таҳсилотро дар муҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст накарда, танҳо ба ҷамъи фоизи баҳои мусбат натиҷагирӣ намудаанд. Ҳангоми суҳбат бо кормандони бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳия муайян гардид, ки худи онҳо оид ба ташкил ва гузарондани мониторинги сифати таҳсилот маълумоти кофӣ надоранд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар соли таҳсили 2014 - 2015 дар 7 муассисаи таълимии ноҳия 10 синфи равиявӣ, 4 синфи равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва 6 синфи равияи табиӣ-математикӣ бо фарогирии 162 нафар хонанда ташкил шудааст, вале ба сабаби қариб дар як баст фаъолият намудани муассисаҳои таълимӣ шароит барои ташкили синфҳои равиявӣ мавҷуд нест.
Намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои имтиҳоноти супурдаи довталабони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳарф зада, иттилоъ дод, ки агар соли 2014-ум 511 нафар дар заминаи низоми тестӣ барои дохил шудан ба макотиби олӣ ҳуҷҷат супурда бошанд, соли 2015 ин рақам ба 558 мерасад. Дар умум, аз довталабон 52 дарсад тариқи Маркази тестӣ ба макотиби олӣ дохил гардиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои имтиҳонот ноҳия дар минтақа дар ҷойи нуҳум ва дар вилоят дар ҷойи сездаҳум қарор дорад. Тибқи азхудкунии дониш ноҳия дар минтақа ҷойи ҳафтум, дар вилоят дар зинаи сездаҳум ва дар ҷумҳурӣ дар ҷойи панҷоҳу панҷум ҷой гирифтааст. Раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Гулмаҳмадзода зимни баромади худ иброз дошт, ки барои ҳалли мусбати масоили мубрам ва мушкилоту проблемаҳои соҳаи маориф дар ноҳия тамоми чораҳоро хоҳад андешид, то ки камбудию норасоиҳо бартараф карда шуда, сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад.

Ҳарамгул САНГОВА, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 820
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед