logo

муҳоҷират

МУҲОҶИРАТИ КОРӢ КОҲИШ МЕЁБАД

Муҳоҷирати корӣ солҳои охир барои Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, таҳлил ва баррасии амиқи раванди муҳоҷират ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти он амри зарурист.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд: «Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соли 2015 аз ҷумҳурӣ зиёда аз 550 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар ба хориҷи мамлакат ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз онҳо 487 929 нафарашон мард мебошад. Дар муқоиса ба соли 2014  муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа 118 210 нафар  ё ин ки 18 дарсад коҳиш ёфтааст.
Масоили коҳиш ёфтани муҳоҷи-рати меҳнатиро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тағойзода Сумангул зимни нишасти матбуотӣ дар таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ дар дохили ҷумҳурӣ арзёбӣ кард.
Вале мушоҳидаҳо нишон ме-диҳанд, ки  омилҳои дигар - ба фиреби беъзе корфармоҳои қалоб гирифтор шудан  ва аз ҳаққи меҳнати худ бенасиб мондани муҳоҷирон низ метавонад сабаби коҳиши раванди муҳоҷират гардад. Бо дахолати кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  соли 2015 беш аз 50 млн рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  корфармоён рӯёнида шуд.
Коршиносон омилҳои ба фиреби корфармо гирифтор шудани муҳоҷирони кориро дар надонистани забони русӣ, қонунҳои амалкунанда ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба муҳоҷират арзёбӣ мекунанд.
Маҳз ҳаминро ба назар гирифта Президенти кишвар дар Паём ба мақомотҳои дахлдор ва масъулон дастур дод, ки барои муҳоҷирон курсҳои забономӯзӣ ва касбомӯзӣ ташкил карда шавад, то ин ки баъди вуруд ба Русия онҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.
Ин нуқта, ба муҳоҷирон низ ҳушдор медиҳад, ки қабл аз сафар дараҷаи забономӯзӣ ва касбияти худро боло баранд.
Муҳоҷирати корӣ имрӯз дар ҷаҳон ба масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст. Вале шумораи муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби тоҷикон рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар кишвар ҷойҳои зиёди корӣ таъсис меёбанд. Танҳо соли равон муҳайё намудани 300 ҳазор ҷойи нави кор  дар назар аст.
Лашкар ШАРИФЗОДА «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 20700
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед