logo

маориф

ЗАБОНИ ИМОВУ ИШОРА ЭЪТИРОФИ ОН БА НАФЪИ ҶОМЕА НИЗ ҲАСТ

Дар асри 18 аввалин мактаб барои ношунавоён дар шаҳри Париж аз тарафи сурдопедагоги машҳур Ш. Эпе ( 1712-1789) ифтитоҳ гардид. Ӯ тахминан дар 50 - солагиаш ба таълими ду духтарчаи кар машғул мешавад.

Ш. Эпе вақте бо ин духтарҳо машғулиятҳои худро оғоз менамояд, ҳатто усулҳои хоси таълими карҳоро намедонист. Ӯ дар оғози фаъолияти худ танҳо ба назарияи ҷуброн намудани як узви ҳисси фаъолияткунанда, ки дар ин бора дар вақташ Д. Дидро дар бораи карҳо ва кӯрҳо пешниҳод намуда буд ва ҳамчунин, ба принсипҳои мутаносиби табиии Я. Каменский такя менамуд. Дар амалияи таълими карҳо бошад, вай аз имову ишораҳое истифода мекард, ки ин духтарҳо байни худ аз онҳо истифода мебурданд. Ӯ баъдтар гуфта буд, ки нафарони кари ба таълим оғознамуда аллакай соҳиби забони худ мешаванд, ки он барояшон монанди нутқи муқаррарӣ осону фаҳмо мегардад. Кӯдаки кар ба воситаи забони имову ишора талабот, хоҳишҳо, майлу, рағбат, ғаму бемории худ ва ғайраҳоро изҳор карда метавонад ва дар фаҳмиш ягон вақт хато нахоҳад кард. Ба воситаи ин кӯдаки кар супоришҳоро қабул менамояд ва дар бораи корҳои иҷронамудааш ҳисобот дода метавонад.
Муваффақиятҳо дар кори таълими духтарҳои ношунаво Ш. Эперро ба он водор сохтанд, ки ӯ барои гурӯҳҳои начандон калони кӯдакони кар омӯзишгоҳ ташкил намояд. Ӯ кӯдакони карро дар як ҳафта ду маротиба дар хонаи худ бепул таълим медод. Шогирдони камбағалашро бошад, бо маводи зарурӣ таъмин менамуд.
Шумораи хонандагон дар муассисаи Ш. Эпе ба 75 нафар расид. Фаъолияташ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намуд. Ӯ оид ба ин масъалҳои таълимии онҳо ду рисола навишт.
Соли 1789 мактаби Ш. Эпе ҳамчун муассисаи миллӣ эътироф гардид. Баъдтар дар назди ин муассиса муҷассамаи ӯ гузошта шуд.
Ҳамин тавр, забони имову ишора асос гузошта мешавад ва ривоҷ меёбад. Кӯдакони ношунавову гунг ба таълимоти махсус фаро гирифта мешаванд. Дар Тоҷикистон низ онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ чандин сол боз дар ин самт фаъолияти чашмрас дорад. Солҳои 1994 ва 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо ташриф оварда, бо шароити зист ва таълими хонандагон аз наздик шиносоӣ пайдо кард. Ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия, таҳияи китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва мутобиқ кардани барномаҳои таълимӣ ба хусусиятҳои хоси кӯдакони ношунаво дастур дод. Бояд ёдовар шуд, ки шурӯъ аз соли 2009 ба ин хонандагон баъди хатми синфи 10 шаҳодатнома оид ба гирифтани маълумоти асосӣ дода мешавад. Ба исбот расидааст, ки гарчанде ин кӯдакон ношунавоанд, дар азхуд кардани барномаҳои таълимӣ фаъоланд. Он, албатта, ба маҳорати касбии омӯзгор низ иртибот мегирад. Омӯзгоре, ки забони имову ишораро дар сатҳи зарурӣ медонад, дар баланд бурдани сатҳи дониши хонандагон нақши бузург гузошта метавонад.
Таълими забони имову ишора аз соли 2010 ба нақшаи таълимӣ ворид гардид. Ба андешаи ин ҷониб барои омӯзиши имову ишора дар оянда агар худи ношунавоён ҷалб шаванд, беҳтар аст. Азбаски ин забонро хубтар медонанд, кӯдакони ношунаво дар омӯзиш бештар ба онҳо такя мекунанд. Ин ношунавоён метавонанд, ки аз фанҳои таърих, расмкашӣ, нақша низ дарс бидиҳанд ва ҳам мураббӣ бошанд.
Соли равон дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ факултаи психологияи таҳсилоти томактабӣ ва фарогир таъсис дода шуд, ки дар омода кардани мутахассисони соҳаи сурдопедагогика ва рушди забони имову ишора мусоидат менамояд. Солҳои охир қариб дар тамоми кишварҳои пешрафта ба забони имову ишора таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва дар қатори дигар забонҳо онро эътироф мекунанд. Дар кишвари мо низ масъулони соҳа саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин забон рушди бештар биёбад ва расман онро эътироф намоянд. Эътирофи он ба нафъи ҳам ношунавоён ва ҳам ҷомеа мебошад.
Саттор ҚУВВАТОВ,
омӯзгори калони Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2016    №: 192    Мутолиа карданд: 6341
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед