logo

номаҳо

КӮЛОБ. ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГӢ БА ИСЛОҲ НИЁЗ ДОРАД

Кӯлоб  яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва калони кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза садҳо сайёҳони хориҷиву дохилӣ  ба инҷо меоянд. Бо вуҷуди пешрафтҳои азим ва корҳои созандагӣ, дар ин шаҳри бостонӣ ҳанӯз ҳам дар бархе аз маҳаллаҳо манзараҳое ба чашм мерасанд, ки ҳусни онро мекоҳонанд.
Масалан, дар маркази шаҳр, аз ҷумла, наздикии бозори «Саховат», меҳмонхонаи «Хатлон», хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, сойи Тебалай, Девонасой, маҳаллаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Борбад, кӯчаҳои ба номи Рӯдакӣ, Суғдиён, Чармгарон тозагии муҳити зист риоя нашуда, партовҳо сари вақт тоза намешаванд. Дар кӯчаҳои марказӣ роҳравҳое ба назар мерасанд, ки сафолакҳояшон шикаставу ноҳамвор гаштаанд. Бахусус, ҳамон кӯчае, ки мавриди гаштугузори сайёҳони хориҷӣ қарор дошта, роҳро ба Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Кӯлоб», Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализода мебарад, ҳолати ногувор дорад.
Мутаассифона, масъулон чунин вазъро нодида мегиранд ва нисбат ба ислоҳи он чораҷӯӣ намекунанд. Ҳолати дигареро зикр намудан лозим аст, ки дар ҷӯйбори назди истгоҳи мусофиркашонӣ ва Девонасои кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб партовҳои зиёд ҷамъ шуда, вазъи санитарӣ ташвишовар гардидааст. Баъзан сокинони шаҳр ба ин ҳолат бепарвоӣ зоҳир намуда, маданияти шаҳрнишиниро низ риоя намекунанд. Дар назди баъзе биноҳои баландошёна аз бӯйи бади партов нафас гирифта намешавад. Агар қоидаҳои одии партофтани партов дар қуттиҳои махсус аз ҷониби сокинон риоя гардаду  гирду атрофи хона ва даҳлезҳоро бо навбат рӯбучин кунанд, чунин манзараҳои дилгиркунанда ба вуҷуд нахоҳанд омад.
Ҳамин гуна ҳолатҳо дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ ҷой доранд. Ҳарчанд  ин мавзӯъ борҳо дар матбуот бозтоб шудааст, вале натиҷа ҳамон аст, ки ҳамон.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 4521
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед