logo

маориф

НАСЛИ НАВ - НАСЛИ ПЕШРАВУ КОМЁБ

Мо, омӯзгорон, ифтихор аз пешаи пуршарафи худ дорем, зеро ҷомеа ба зиммаи мо вазифаи пурмасъулият – таълиму тарбияи насли ояндасози Ватану миллати азизамонро вогузоштааст.

Насли наврасе, ки имрӯз дар паси мизи мактабӣ нишастааст, бо гузашти айём дар натиҷаи омӯзиши босамар тақдири кишварро ба даст мегирад ва баҳри идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар диёри арҷмандамон ҷидду ҷаҳд менамояд. Ин насл то кадом дараҷа ба муваффақият ноил мегардад, ба он вобаста аст, ки мо имрӯз бо онҳо дар кадом сатҳ машғулиятҳои дарсӣ баргузор менамоем.
Мо, ҳамчунин, аз он ифтихормандем, ки дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ба омӯзгорону меҳнати пурмасъулияти онҳо бори дигар эҳтиром гузошта шуд. Сарвари кишвар иброз доштанд, ки омӯзгорон парваришгарони мумтози ҷавононанд ва маҳз бо талошҳои пайгиронаи онҳо ҷавонон ба камолоти маънавию ҷисмонӣ мерасанд, дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо мекунанд.
Умуман, дар Паём масъалаи тарбияи ҷавонон ва нақши созандаи онҳо дар ҷомеа аз масъалаҳои  меҳварист. Президенти муҳтарам иброз доштанд, ки «аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Воқеан, фаъолияти ҷавонони кишвари мо солҳои охир боз ҳам афзудаву вусъати тоза касб кардааст. Онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, дар пешрафти  фарҳангу иқтисодиёт, дар ҳалли мушкилоти мухталифи ҳаёт фаъолона ширкат меварзанд ва махсусан, дар корбасти технологияҳои муосир, рушди коммуникатсия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши муносибатҳои дипломатӣ пешраву комёбанд.
Дар Паёми Пешвои миллат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки  фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шуд. Сарвари кишвар дар заминаи ин ибтикори худ иброз доштанд: «Ҷавонони мо дар ҳар куҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибисттиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Соли ҷавонон оғоз ёфт ва барои пурсамару ҳадафгир ва бавусъат ҷараён ёфтани он ҳамагон, пеш аз ҳама, омӯзгорон  масъуланд. Ин соли фархунда бояд ба ҷараёни тоза ёфтани корҳои илмиву эҷодии ҷавонони кишвари арҷманди мо ва пешрафти бобарори он мусоидат намояд.
Дилором САЪДУЛЛОЕВА,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 4208
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед