logo

маориф

ЯК МАКТАБИ СЕ ДЕҲА Ё МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД

Далели он ки маориф аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, ҳақиқати бебаҳс аст. Танҳо дар соли 2016 бунёду азнавсозии беш аз 200 муассисаи таълимӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави нишаст барои хонандагон аз таваҷҷуҳи рӯзафзун ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам нарасидани муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад, ки ин бесабаб нест. Барои мисол, сокинони деҳаи Бешкаппаи шаҳри Кӯлоб ҳанӯз ҳам аз надоштани мактаб дар ташвишанд ва даҳсолаҳост, ки фарзандони онҳо барои таълим ба мактаби № 32 - и деҳаи Калот мераванд. Равуои мактаббачаҳо, ки тавассути шоҳроҳи мошингузар сурат мегирад, волидайнро ҳамеша дар ташвиш мегузорад. Дар фасли сармо ташвиши ҳам хонандагон ва ҳам падару модари онҳо дучанд мегардад.
Хуршед Ҷалолов, сокини деҳаи мазкур, мегӯяд, ки ба хонандагон бо сабаби убури роҳ борҳо ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст. Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаҳо волидони дигар чанд муддат фарзандонашонро аз таҳсил боз медоранд. Ин амалҳо боиси барномаи таълимиро пурра азхуд накардани бачаҳо низ мегардад. 
Дурии муассисаи таълимӣ баҳонаи он гардидааст, ки духтаронро пас аз гирифтани маълумоти асосӣ (синфи 9) аз таҳсил дур мекунанд. Бе маълумоти пурраи умумӣ (синфи 11) мондани духтарони деҳа ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба макотиби олӣ дохил шуда, соҳиби маълумот ва касби дилхоҳи худ гарданд.
Сафармо Шодиева аз ҷумлаи занонест, ки  бо ин сабаб нагузоштааст духтаронаш маълумоти умумӣ бигиранд. «Ҳарчанд хоҳиши идомаи таҳсилро доштанд, аммо ман ба ин иҷозат надодам. Зеро ҳамеша дар ташвиши онам, ки духтаронам чи гуна ба мактаб рафта меоянд», - мегӯяд ӯ. 
Бешкаппа ягона деҳае нест, ки хонандагони он дар мактаби № 32 таълим мегиранд. Дар он ҳоло хонандагон аз деҳаи Файзобод низ таҳсил мекунанд. Яъне, айни замон, муассисаи таълимӣ хонандагони се деҳаро ба таълим фаро гирифтааст.
То соли 2015 дар он хонандагони деҳаҳои Тоқакаппа, Обшорон, Дамариқ низ таълим мегирифтанд. Ба хотири рафъи ин мушкилӣ дар Тоқакаппа бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мавриди истифода қарор доданд. Ба истифода додани бинои нав мушкилии мавҷударо  қисман ҳал карда бошад ҳам, онро пурра аз байн набурд. Акнун мутаълимини деҳаҳои Обшорону Дамариқ на дар муассисаи таълимии № 32, балки дар мактаби деҳаи Тоқакаппа таълим мегиранд, яъне боз ҳам роҳи дарозеро тай намуда, ба мактаб мераванд. Бо вуҷуди ин, мушкили асосӣ, яъне ба хотири таълим аз як  деҳа ба деҳаи дигар рафтан, ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.
Раҷабалӣ Мирзоев, директори муассисаи таълимии № 32, аз мушкилоти мавҷуда изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд: «Хонандагон, хусусан духтарон, ба илм омӯхтан завқи зиёд доранд. Аммо мушкилоти мавҷуда боиси нагирифтани маълумоти пурраи миёнаи умумӣ мегардад. Дар ҳоле, ки танҳо илму дониш, худшиносиву худогоҳӣ метавонад касро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ дошта, ба роҳи рост ҳидоят намояд». Хуб мешуд, ки деҳаи Бешкаппа ҳам соҳиби бинои муассисаи таълимии хеш бошад.
Тавре аз таҳлили масъалаи мавриди назар бармеояд, Бешкаппа ягона деҳае нест, ки мушкили бемактабӣ дорад. Пас, бо боварӣ метавон гуфт, ки қабули «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» беҳтарин имконият барои рафъи ин ва мушкилоти дигари вобаста ба мактабдорӣ дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистони азиз мебошад. Бо назардошти он ки 70 дарсади аҳолии мамлакат дар деҳот ба сар мебаранд, ба мақсад мувофиқ аст, ки масъулони соҳа дар доираи татбиқи ин барномаи муҳими давлатӣ ба деҳаҳои дурдасти вилоят амсоли Бешкаппа авлавият қоил бошанд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 2154
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед