logo

маориф

НУРОБОД. АФЗАЛИЯТ БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

Дар ноҳияи Нуробод ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон ва барои онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди кориву зиндагӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.  

Тавре ки Мирзоалӣ Асалов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, ҳоло дар ин муассиса 4 нафар духтароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро дар риштаи омӯзгорӣ хатм намудаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, барояшон тамоми шароити зисту зиндагонӣ фароҳам оварда шудааст.
Ганҷина Кабутова соли 2012 Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро хатм намуда,  ҳоло вазифаи ҷонишини директори муассисаҳои таълимии мазкурро ба дӯш дорад. Назира Маҳмадбекова, Гулнамо Раҳмонбекова ва Мавзуна Амонбекова, ки соли 2015 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намудаанд, дар муассисаи таълимӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар яке аз биноҳои ёрирасони муассиса барои онҳо хобгоҳ ҷудо карда шуда, аз тарафи Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорони мактаб бо хӯроки гарм таъмин  карда мешаванд.
- Ҳамкории волидон бо ин омӯзгорони  ҷавон мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки сатҳу сифати дониши хонандагон низ боло меравад. Соли таҳсили ҷорӣ  6 нафар шогирдони онҳо дар даври минтақавии олимпиадаи мактаббачагон иштирок намуда, 1 нафар аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, 5 нафари дигарашон барои иштироки фаъол сазовори мукофотҳои хотиравӣ гардиданд, - гуфт Мирзоалӣ Асалов.
Наргис Маҷидова, муовини раиси ноҳияи Нуробод, дар ин бора изҳор дошт, ки ҳоло 26 нафар духтарону писароне, ки тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуданд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо ҷойи кор ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд. Масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва фаъолияти пурсамарашон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти ноҳия қарор дорад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 1380
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед