logo

маориф

МУЪМИНОБОД. МАКТАБИ МУСИҚӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар теъдоди зиёди муассисаҳои наву замонавӣ бавижа мактабу литсей ва қасрҳои фарҳанг сохтаву мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.

Бо вуҷуди ин, теъдоди зиёди муассисаҳои фарҳангие низ ҳастанд, ки аз назари масъулони навоҳии кишвар дур мондаю рӯ ба нестӣ оварда истодаанд.
Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Муъминобод аз соли 1975 - ум фаъолият намуда, теъдоди зиёди мутахассисонро дар соҳаи фарҳангу мусиқӣ омода намудааст. Имрӯз ҳеҷ кас аз он ёд намекунаду бинои муассиса ба харобазор табдил ёфтааст. Норасоии ҷойҳои нишаст, мизу курсӣ, синфхонаҳо ва асбобҳои мусиқӣ аз зумраи мушкилотест, ки хонандагону омӯзгорони ин муассисаро ба ташвиш овардааст.
Рамазон Саидов, директори муассисаи мазкур, мегӯяд, ки «Барои ҳалли мушкилот борҳо ба раиси ноҳия бо мактуб муроҷиат кардем. Дар мактубҳо сабабҳои ба чунин ҳолат афтодани муассисаро баён намудем. Мутаассифона, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ вокунише ба миён наомад. Дар мактаб танҳо як асбоби мусиқӣ боқӣ мондааст, он ҳам пианино мебошад. Дар муассиса 15 нафар омӯзгор ба 146 нафар толибилм дарс мегӯянд. Барои шогирдон бошад, теъдоди муайяни асбоби мусиқӣ лозим аст. Айни ҳол ин мушкилиро худи хонандагон ва волидони онҳо ҳал намуда истодаанд. Аммо асбобҳое низ ҳастанд, ки ба харидории онҳо на имконияти волидон мерасаду на маъмурияти мактаб».
Феълан бинои муассиса дар бинои собиқ таваллудхонаи ноҳия  қарор дорад, ки барои гузарондани машғулиятҳо мувофиқ нест. Аз норасоии синфхонаҳо як қатор омӯзгорон машғулиятҳоро дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 50, хонаи ятимон ва бепарасторони ноҳия ва бинои бахши фарҳанг мегузаронанд.
Р. Саидов иброз медорад, ки шумораи зиёди волидон барои маълумоти мусиқӣ гирифтани фарзандонашон дари мактабро мекӯбанд. Бо сабаби надоштани шароити мусоид талаботи онҳо қонеъ гардонда намешавад.
Новобаста аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта омӯзгорону хонандагони ин даргоҳи ҳунар дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Сорбони Ҷӯрахон, аз хонандагони муассиса, ки дар синфи 3 - юм бо тахассуси  рубоб ҳунар меомӯзад, мегӯяд, ки мушкили асосии онҳо надоштани ҷой барои гузарондани машғулиятҳои инфиродӣ ва тамрин мебошад. «Мо дар як синфхонаи хурди назарногир таълим мегирем. Он ҳам бошад, деворҳояш кафида. Дар ноҳияи дурдасти мо дастрас намудани асбобҳои хушсифат мушкили дигар мебошад. Шароити аз пойтахт овардани асбоби хушсифатро на ҳар хонанда дорад. Бинобар ин, бо асбобҳои фарсуда машқ мекунем», - мегӯяд С. Ҷӯрахон.
Бинобар иттилои Нурулло Аврангов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод, мушкилоти мазкур ба набуди маблағ вобаста аст. «Ба ҳама маълум аст, ки фаъолияти муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар ноҳия ба мушкилоти муассисаи мазкур аз паси панҷа менигариста бошанд. Барои сохтани бинои замонавӣ  ва ё таъмири бинои ҳозираи он маблағи калон лозим аст. Мо айни замон ин гуна маблағро надорем. Дарёфти маблағ ва ба мушкилоти муассиса рӯ овардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ кори вақт аст», - гуфт ҳини суҳбат Н. Аврангов. 
Дар минтақа ба чунин муассисаҳои фарҳангӣ ниёз доранд. Зарур аст, ки дар роҳи ҳифз ва равнақи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода барем.
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 1380
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед