logo

маориф

МАОРИФ. ДАР РУШДИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Ҳукумати кишвар ба масъалаи таҷдиду такмили  заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари имконияту  неруҳои илмӣ, инчунин, дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Зеро раванди омода кардани мутахассисони ояндасоз аз мактаб оғоз мегардад. Таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намудан ба сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҷавоби ғамхориҳои Ҳукумат ва Сарвари давлат аз ҷониби омӯзгорон мебошад.
Бо ҳамин мақсад, дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд семинари роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои низомномаи шӯроҳои педагогӣ, таҳсилоти иловагии хонандагон, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва ба нақша гирифтани чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов таъкид намуд, ки дар амалишавии нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа тақозо менамояд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд ва ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Пешрафт ва рушди ҷомеа маҳз аз мақому манзалати омӯзгор ва сифати дониши хонандагон вобастагӣ дорад. Омӯзгорони ноҳияи Деваштич ба мисли тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мактабу маориф қувваю неруи маънавии худро дареғ нахоҳанд дошт.
Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,  ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 1408
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед