logo

маориф

НЕЪМАТҲОИ ТАБИАТ. КӮДАКОНРО ДАР РӮҲИЯИ АРҶГУЗОРӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ

Қарни XXI баҳри пешрафти илм ва техникаву технологияи муосир шароити мусоид муҳайё намуд. Дар натиҷаи рушди техника, кашфиётҳои илмию техникӣ ва истифодаи босуръати захираи сарватҳои табиӣ истеҳсолоти ҷаҳонӣ дар ҳама соҳаҳо рӯ ба афзоиш овард. Аммо истифодаи ғайриоқилонаи сарватҳои табиӣ боиси коҳиш ёфтани захираи онҳо гашта, инсониятро ба ташвиш рӯ ба рӯ намуд, хусусан истифодаи самараноки об ба як масъалаи мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Пешвои миллатамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузурги обро дар ҳаёти мардум, аҳамияти истифодаи сарфакоронаи онро дар ҷаҳон ба назар гирифта, аз минбари баланди Маҷмаи кулли СММ масъалаи норасоии оби нӯшоӣ, фароҳам овардани  шароит барои дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи онро ҷиҳати ҳаллу баррасӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд. 
Ҳикматҳои гузаштагони мо, назири «Бе об ҳаёт нест», «Обу ободонӣ» аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми тоҷик аз қадим обро як гавҳари бебаҳои табиат медонист.
Тибқи маълумоти СММ, айни замон 1,2 миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. Мутобиқи таҳлилҳои олимони соҳа, дар даҳсолаи сеюми асри 21 шумораи одамоне, ки аз оби тоза танқисӣ мекашанд, ба 4 миллиард нафар мерасад.
Имрӯз Тоҷикистони моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои марбут ба об мешиносанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои бузургашон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси сиёсатмадори хирадманди сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Эъломи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 - 2028 аз сиёсати дурбинона ва обрӯи ҷаҳонии Пешвои миллатамон шаҳодат медиҳад.
Ман дар машғулиятҳои гурӯҳӣ доир ба мавзӯъҳои «Об - манбаи ҳаёт», «Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст», «Обу саломатӣ»  бо забони содаю фаҳмо бо кӯдакон суҳбат намуда, дар вуҷуди онҳо қадр намудани беҳтарин неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла обро бедор менамоям.
Ҳамзамон, доир ба ин мавзӯъҳо расму лавҳаҳо дар бораи нарасидани оби ошомиданӣ дар сайёра, танқисӣ кашидани кӯдакони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз оби тоза ва гирифтори бемориҳои гуногун шудани онҳо наворҳои телевизионӣ намоиш медиҳам. Зеро дар замири насли наврас ташаккул додани фарҳанги муҳофизати муҳити зист ва қадр намудани неъматҳои табиат аз муассисаҳои томактабӣ оғоз меёбад.
Садбарг САДРИДДИНОВА,
мураббияи кӯдакистони рақами 15 - и шаҳри Бӯстон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 1379
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед