logo

маориф

ДОНИШ ҚУДРАТ АСТ

Мо, омӯзгорон, ифтихор аз пешаи пуршарафи худ мекунем, ки таълиму тарбияи насли ояндасози миллатро ба зимма дорем. Ин насл то кадом дараҷа ба муваффақият ноил мегардад ба он вобата аст, ки мо омӯзгорон имрӯз бо онҳо дар кадом сатҳ машғулият мегузаронем. Ҳоло барои тадрис тамоми шароит фароҳам аст. Масалан, бо назардошти татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мустаҳкам, мазмун ва шаклу усулҳои тарбия муайян, заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардонда шудааст.

Вазъ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ низ ба тадриҷ тағйир ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам мушкилот вуҷуд доранд. Албатта, ин ҷо омилҳои таъсиррасон гуногунанд. Барои мисол, раванди босуръати ҷаҳонишавӣ бо пешрафти технология муддате хонандаро дар таҳлука андохт - ҳамин ки моҳият ва истифодаи он (телефони ҳамроҳ, шабакаи интернет ва амсоли инҳо) аз ҷониби толибилм дуруст дарк гардад, чандин масоили вобаста ба таълим ва тарбия ҳалли худро меёбад. 
Дар ин раванд соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос будани омӯзгор хеле муҳим аст. Маҳз омӯзгори соҳибмаърифат ва бофарҳанг, донишманду ватанпараст савияи дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ мекунад.
Дар робита ба ин толибилмону донишҷӯён суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз аз хотир набароранд, ки гуфтанд: «Вақте мо дониш ва иттилоотро омили қудрати миллатҳо меномем, он танҳо ба маънои қудрати сиёсӣ ва низомӣ нест. Балки дониш имрӯз барои давлатҳо ва миллатҳо қудрати иқтисодӣ, тавони молиявию амниятӣ ва суди дилхоҳ ба бор меорад. Масалан, баъзе кишварҳои пешрафтаи Аврупо, ки масоҳати нисбатан хурд ва аҳолии кам доранд, тавонистанд низоми беҳтарини маориф, сатҳи баланди саводи аҳолӣ ва рушди технологиро таъмин намоянд. Ин давлатҳо аз ҳисоби таҳқиқоти илмӣ ва ихтирооту навовариҳои технологӣ даромад ба даст меоваранд, ки аз фоидаи баъзе кишварҳои содироткунандаи нафт зиёдтар мебошад. Онҳо бо вуҷуди ин ки захираҳои фаровони табиӣ надоранд, маҳз аз ҳисоби сатҳи баланди илму маърифат ва дастовардҳои технологӣ сатҳи шоистаи зиндагии мардуми худро таъмин менамоянд».
Бояд гуфт, ки Паёми Пешвои миллат мо омӯзгоронро такон бахшид. Аз ин лиҳоз, кӯшиш бар он мекунем, ки бо назардошти иҷрои паҳлуҳои муҳими он дар рушди минбаъдаи неруи зеҳнии насли наврас ва ҷавонон саҳми назаррас гузорем.
Зулфия САРАДБЕКОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 56 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 1415
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед