logo

маориф

ТОҶИКОБОД. САФИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН МЕАФЗОЯД

Квотаи президентӣ имкон додааст, ки духтарони деҳоти дурдаст дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ  таҳсил намоянд. Шумораи духтарони донишҷӯи ноҳияи Тоҷикобод сол ба сол афзоиш меёбад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати дастгирии духтарони деҳот норасоии мутахассисон аз ин ҳисоб дар ноҳия бартараф мегардад.

Имрӯзҳо дар маркази миллии тестии ноҳияи Рашт ва нуктаҳои сайёри он дар навоҳии водӣ ба маъракаи қабули дов-талабон идома меёбад.
Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод Зебо Ҳимматова ба маркази миллии тестии ноҳия то имрӯз 210 нафар ҳуҷҷат супурдааст, ки аз ин 26 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Соли хониши 2015 - 2016 муас-сисаҳои таълимии ноҳияро 547 нафар хонанда (аз ҷумла 189 духтар) хатм намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ 133 нафар (18 духтар), ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 43 нафар (5 духтар)  ва 119 нафар ба коллеҷу курсҳои кӯтоҳмуддат дохил шуданд.
Дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт ба мактабҳои ноҳия фиристода шуданд, ки ин амал то андозае норасоии муаллимони ихтисосмандро коҳиш дод. Дар Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт 187 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 38 нафар духтар ва дар коллеҷи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт 63 нафар, аз ҷумла, 6 нафар духтар аз ноҳияи Тоҷикобод таҳсил доранд. 
Аз соли 1996  то ин дам 326 нафар, аз ҷумла 166 нафар духтар макотиби олиро тибқи квота хатм намудаанд. Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тариқи квота 46 нафар духтар аз ноҳияи Тоҷикобод таҳсил дорад. Имсол низ тибқи нақшаи квотавӣ барои духтарони ноҳия 11 ҷой ҷудо гардидааст.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 1375
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед