logo

маориф

СЕ ОМИЛИ ПЕШРАВӢ: ИЛМ, АМАЛ ВА ТАРБИЯ

Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи муассисаҳое мебошад, ки дар тарбия ва ташаккули кадрҳои ҷавон саҳми назаррас дорад. Муассисаи мазкур аз  таълимгоҳест, ки дар он фанҳои дақиқ дар доираи равияи табиӣ-математикӣ бо забони англисӣ таълим дода мешаванд. Демократикунонии таълим, ҷорӣ шудани санҷишҳои тестӣ, мавриди истифода қарор гирифтани навтарин васоити техникии таълимӣ, ҷалби омӯзгорон аз хориҷи кишвар аз зумраи навгониҳо дар ин боргоҳи илманд.
 Манучеҳр Маҳмадмуродов, директори МДТ литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода, вобаста ба фаъолияти муассиса ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
Бо назардошти назокатҳои таълиму тарбия мо бачагони болаёқатро ба таҳсил фаро мегирем. Хонанда баъди муваффақ шудан дар ду даври имтиҳони қабул шомили муассиса мегардад. Илова бар ин, мо соли аввали таҳсил мутобиқи нақшаи таълимии муассиса, ки бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, соатҳои таълимии фанни забони англисиро зиёд мекунем, фанни махсусеро бо номи Terminology (истилоҳоти фанҳои дақиқ) бо забони англисӣ дарс медиҳем, то ки хонандагон ба азхудкунии фанҳои дақиқ бо забони англисӣ омода шаванд. Дар баробари ин, дарсҳои иловагӣ аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда мешаванд, то ки хонанда донишҳои пештар андӯхтаи худро фаромӯш накунад.
То имрӯз 915 нафар хонанда литсейи моро хатм кард. 600 нафар соҳиби маълумоти олӣ шуд, 315 нафар таҳсилро дар дохилу хориҷи кишвар идома дода истодаанд. Танҳо соли гузашта аз 44 хатмкунанда 16 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул гардид. Маҳз бо забони англисӣ таълим додани фанҳои дақиқ барои шогирдон заминаи хуби таҳсил дар хориҷа мебошад.
Иштироки хонандагони муассиса дар олимпиадаҳо ва озмунҳо, ки бахшида ба Соли ҷавонон ва 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронда мешаванд, назаррас аст. Шумораи медалҳои шогирдон, ки аз озмунҳо ба даст овардаанд, ба 114  расид.
Мо мекӯшем, то баробари замон қадам монем. Тамоми имконотро барои беҳтар кардани фазои таълиму тарбия истифода мебарем. Хонандагон бо ҷойи хоб, се вақт хӯроки гарм, шароити хуби омодагӣ ба дарс, хизматрасонии аввалияи тиббӣ, оби гарм ва монанди инҳо таъминанд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 1437
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед