logo

ҳуқуқ

ҶАРИМА 50 ҲАЗОР СОМОНӢ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешниҳоди маҳсулоти ғизоии пастсифат шуморе аз соҳибкорон 50 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
 
Қиличбек Қиличбеков, сардори раёсати стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои ВМКБ, изҳор дошт, ки зимни санҷишҳои муштарак бо дигар мақомоти дахлдор дар ҳудуди вилоят 104 номгӯи маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта дар ҳаҷми қариб як тонна, 18 номгӯй маҳсулоти ғайристандартӣ ба андозаи 1,9 тонна, 32 номгӯй маводи ғизоӣ ба миқдори зиёда аз 1 тонна аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуд. Дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ 694 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла чой, равған, нон, ҳасиб, машруботи спиртӣ, макарон, шир мавриди санҷиш қарор гирифт, ки 37 номгӯи он ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкорону тоҷироне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, чораҳои маъмурию интизомӣ андешида шуданд.
- Санҷишу таҳлилҳо ва суҳбат бо соҳибкорону истеъмолкунандагон маълум намуд, ки яке аз сабабҳои асосии ба бозори истеъмолӣ роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ба паст будани маърифати  тиҷоратию ҳуқуқии ҳам тоҷирону соҳибкорон ва ҳам истеъмолкунандагон рабт дорад, - мегӯяд Қиличбек Қиличбеков.
Истеъмолкунандагон ҳангоми хариди молу маҳсулот ба санаи истеҳсолу муҳлати истеъмол ва суроғаи истеҳсолкунандаи он эътибор намедиҳанд, фурӯшандагон бошанд, барои фоидаи бештар мардумфиребӣ мекунанд. Барои он ки истеъмолкунандагон фирефтаи аъмоли чунин фурӯшандагону тоҷирон нагарданд, ҳангоми хариди мол бояд эҳтиёткор бошанд ва дар ҳолати ба доми фиреби онҳо афтодан ба идораҳои назоратӣ муроҷиат намоянд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 855
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед