logo

маориф

МАОРИФ. ПЕШРАФТИ ОН ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АСТ

Мусаллам аст, ки рушди дигар соҳаҳо ба маориф ва пешрафти он алоқаманд мебошад. Агар дар солҳои қаблӣ ба инкишофи зинаи аввали таҳсилот, компютеркунонии саросарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, таълифу нашри китобҳои дарсию дигар масъалаҳои басо муҳим диққати зарурӣ дода ва иҷро гардида бошанд, ҳолиё мақсади асосӣ боло бурдани сатҳи рушди инсонӣ мебошад.
Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида мешавад. Дар ин замина тамоми аҳолии калонсол «ҳадди ақал соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ» мегарданд.
Имрӯз, албатта, гуфтану навиштани ин ҳама дар шароити осоиштагию пешрафти кишвар басо осон менамояд. Аммо агар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам чанд соли баъди онро ба хотиру пеши назар биёрем, ба хубӣ дармеёбем, чи роҳи душвору заҳматталабро бо ҳидояту ғамхорию дастгирии Пешвои муаззам тай намудаем. Акнун, ки ҳамаи шароити зарурӣ муҳайёст, талаб доранд, то барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳ бинамоем, тадбирҳои заруриро сари вақт биандешем. Иҷрои ин амалро дар шароити кунунӣ аз вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф донистаанд. Инчунин, махсус зикр карданд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайянро соҳиб гардидем, аммо онҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд. Бо чӣ роҳ метавон ба ин мақсуд ноил гардид? Ба ин пурсиш аз Паёми навбатӣ посухро дарёфт кардан мумкин аст. Яъне, дар тамоми зинаҳои таҳсилот на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ бидиҳем, то дар баробари ҳалли мушкилоти мавҷуда мутахассисони ҷавобгӯи талаботи даврро ба воя бирасонем. Ва ҳам ба ин хотир диққати наврасон, хонандагону донишҷӯёнро бо аз худ кардани донишҳои муосир ҷалб намоем.
Ба таъкиди Сарвари давлат омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад. Чаро? Чунки «тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Инчунин, омӯзгорро дар раванди таълиму тарбия баробар ба падару модар меҳисобанд. Ӯ барои баркамол расидани насли шоистаи даврон масъул мебошад. Моро бисёр зарур аст, ки ин масъулиятро дуруст бишиносем ва дар иҷрои рисолати худ бо дониши комил, таҷрибаи кофӣ ва меҳру муҳаббати зиёд саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем. Танҳо дар ин сурат ба бузургтарин дастовардҳо ноил гардида метавонем.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 1414
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед