logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

22 соли ҳабс барои қатли бераҳмона
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Ш. Назаровро барои қатли бераҳмона 22 сол аз озодӣ маҳрум кард. Суд парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаҳои 32 қисми 3 - 104 қисми 1 ва 104 қисми 2 банди «п»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералӣ, тафтиши  парванда аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ анҷом ёфта, Ш. Назаров барои он айбдор шудааст, ки шоми 5 январи соли 2017 дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ бо табар ба падараш Ш. Назаров дарафтода, ба ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расондааст. Айбдоршаванда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади куштори шахси дуюм - модарандараш Р. Назарова, ки ҳамон лаҳза тасодуфан рӯ ба рӯ омадааст, бо табар захмӣ мекунад. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин Р. Назарова дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Оқибати суистифода аз мансаб
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти 50 - солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Бобоҷон Ғоибов бо гирифтани пора ба маблағи зиёда аз 63 ҳазор сомонӣ айбдор шуд.
Аз раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки Бобоҷон Ғоибов бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифода аз мансаб бо раиси ҷамоати зикршуда М. Ғуломов бо маслиҳати пешакӣ охири соли 2014 ба бовари се нафар сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даромада, барои ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои деҳаи Ёсуман аз онҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 63 529 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ истифода кардаанд.
Нисбат ба Б. Ғоибов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба суд ирсол гардид. Ба раиси ҷамоат бинобар сабаби фавташ қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 878
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед