logo

ҳуқуқ

ЛАХШ. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҲКИМ МЕЁБАД

Дар ноҳияи Лахш ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ, нишасту вохӯриҳои таблиғотӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ҷараён доранд.
Махсумҷон Давлатзода, прокурори ноҳияи Лахш, мушовири адлияи дараҷаи 1, иброз намуд, ки кормандони прокуратура дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади  таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардум ва таъмини волоияти қонун як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
- Мо бояд дар шароити феълӣ, ки ҷаҳони муосир гирифтори вазъи печида аст, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Дар ин замина, кормандони прокуратураи ноҳия ба манзури пешгирии зуҳуроти номатлуб, яъне шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки масъулони ниҳодҳои дахлдор ва фаъолони ҷомеа дидору вохӯриҳо доир менамоянд. Солҳои охир баъзе аз ҷавонон ба доми равияҳои номатлуб меафтанд, ки боиси нигаронии амиқ аст. Пӯшида нест, ки ҳадафи асосии ин равияҳо шустани хотираҳои таърихии ҷавонони мо буда, асосан ба беарзиш ҷилва додани гузаштаи фарҳангӣ нигаронда шудааст. Яке аз масъалаҳои муҳим он аст, ки мо бояд ба насли ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ  дур бошанд.
Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, иқдоми дурбинонаест, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва шаклгирии ҷомеаи қонунсолор мусоидат хоҳад кард. Гузашта аз ин, омӯзиши Қонуни асосии кишвар дар худ орзуву омоли мардуми тоҷикро таҷассум менамояд, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, нақши созгор дорад.
Кормандони прокуратура ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳия, дар партави сиёсати бунёдгарои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои татбиқи ҳадафҳои олӣ, рушду нумӯи ин гӯшаи диёр, тарбияи ҷавонони худшиносу худогоҳ самимона талош хоҳанд кард, - гуфт дар хотимаи суҳбат М. Давлатзода. 
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 869
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед