logo

ҳуқуқ

ИНТЕРНЕТ – КАФЕ. ДИГАР БА ОН НИЁЗ НЕСТ

Паҳн намудани филмҳои ғайриахлоқӣ ва бозиҳои дорои хусусияти зӯроваридошта, бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи имрӯзи мо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ва дар айни замон ҳалталаб аст. Зеро он, пеш аз ҳама, ба тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқиву маънавии насли ҷавони кишвар таъсири манфӣ дорад.
Бо вуҷуди роҳандозии корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо омӯзгорон ва падару модарон, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои то бевақтиҳои шаб дар марказҳои дилхушию интернет-кафеҳо ба бозиҳои компютерӣ машғул гардидани шумораи зиёди ноболиғон ба назар мерасад. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти баъзе марказҳои дилхуширо, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ кор мекарданд, қатъ намуданд. Вале, соҳибони як қатор марказҳои интернетӣ, ки ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта  машғуланд, фаъолияти худро пинҳонӣ идома дода истодаанд.
Ба гуфтаи равоншинос Сайфиддин Расулов, агар ба панҷ соли пеш назар афканем, дар ҳақиқат мо ба чунин марказҳо ниёз доштем. Аммо, дар шароити кунунӣ, вақте корхонаю муассиса, ташкилоту идора, китобхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо интернет пайвастанд, ниёз ба интернет - кафеҳо намондааст. Метавон гуфт, ки ҳатто микроавтобусҳо (wi-fi), телефону компютерҳои хона ва корхонаҳо бо интернет таъмин ҳастанд. Вақти он расидааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута фарзандонро аз хатари видео ва бозиҳои барои наврасон мамнуи кампютерӣ  эмин дорем. 
Дар робита ба ин, Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, гуфт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ аз ҷониби кормандони дигар мақомоти дахлдор, воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон рейдҳои муштарак ва амалиётҳои вижа тақрибан ҳар рӯз гузаронда мешаванд. Зимни як санҷиш маълум шуд, ки аз 72 маркази дилхушӣ дар шаҳри Душанбе, аксарият ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд. Онҳое, ки ҳуҷҷат доранд, ҳамчун марказҳои интернетӣ худро муаррифӣ кардаанд. Марказҳои компютерӣ низ бояд бозиҳои муайянеро истифода баранд, ки аз ҷониби идораи «Тоҷиккино» иҷозат дода шудааст. Мутаассифона, онҳо аз сомонаҳое истифода мебаранд, ки иҷозати воридшавиашон манъ шудааст. Наврасоне, ки вориди интернет-кафеҳо мегарданд, ба бозиҳои хусусияти зуроварӣ ва экстремистию террористидошта (констрайт)  машғул мешаванд. Ин гуна бозиҳо наврасонро аз олами воқеӣ ба олами хаёлӣ (виртуалӣ) мебарад, ки ба манфиати ҷомеа ва насли наврас нест.
Воқеан, ба андешаи равоншиносон дар ҳолати пайваста машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ наврасон ба он вобаста мегарданд, ки ин оқибати ногувор дорад.
Пас набояд дар пешгирии чунин як ҳолати номатлуб бетараф бошем, то фардо дер нашавад.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 901
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед